Оверчук: ИИАО бозореро барои 2,5 миллиард истеъмолкунанда эҷод мекунад

© Sputnik / Виктор Толочко / Гузариш ба медиабонкЗаместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук.
Заместитель председателя правительства РФ Алексей Оверчук. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2026
Обуна шудан
Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук эълон кард, ки ИИАО бо Ҳиндустон, Урдун ва Покистон дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ гуфтушунид дорад
ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Русия якҷоя бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар бораи бастани созишномаҳои минтақаҳои озоди тиҷоратӣ бо Ҳиндустон, Урдун ва Покистон муколама мекунад.
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар Форуми сеюми минтақавии умумирусиягӣ "Ватани хурд - қудрати Русия" хабар дод.
Ба гуфтаи вай Қарор аст ИИАО ба бозори истеъмолии то 2,5 миллиард нафар дастрасӣ па йдо кунад.
"Мо имкониятҳоро баррасӣ мекунем ва дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди тиҷоратӣ бо Ҳиндустон, Урдун ва Покистон гуфтушунид мекунем", - қайд кард ӯ. Ҳамин тариқ, бозори молҳои муштарак бо иқтидори 2,5 миллиард истеъмолкунанда айни замон дар Авруосиё ташаккул меёбад. Ин корест, ки идома дорад ва аллакай натиҷа додааст. Ин рақамҳои хеле назаррасанд, ки ба иқтисоди мо имкониятҳои хуберо барои афзоиши содирот, воридот ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ ва ҳамкорӣ фароҳам меоранд”, - гуфт Оверчук.
Ба гуфтаи муовини сарвазир, як қатор созишномаҳои шабеҳ аллакай бо дигар кишварҳо амал мекунанд.
Оверчук ба ёд овард, ки бо Ветнам, Эрон, Сербия, Индонезия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Муғулистон як қатор созишномаҳо дар бораи тиҷорати озод баста шудаанд.
Птицефабрика  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2026
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои ИИАО 1,3% афзудааст
"Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба бозоре 700 миллион истеъмолкунанда дастрасӣ пайдо кунем. Ин дороиест, ки иқтисоди мо аллакай дар ихтиёри худ дорад", - гуфт ӯ.
Тавре ки муовини сарвазир таъкид кард, ин қадамҳо қисми стратегияи системавӣ барои таъсиси Минтақаи тиҷорати озоди бузурги Авруосиё мебошанд. Ин ташаббус барои рушди бозори бузурги мол ва фароҳам овардани шароити мусоиди рақобат барои ворид шудан ба арсаи байналмилалӣ равона шудааст.
Алексей Оверчук қайд кард, дар Русия дар васеъ кардани ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба кишварҳои хориҷ муваффақ шудааст.
“Мо бояд дарк кунем, ки оянда дар бозорҳои Осиё, Ҷануби ҷаҳонӣ ва минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аст ва мо бояд дар кори худ ба ин кишварҳо афзалият диҳем", - қайд кард муовини сарвазири Русия.
Лентаи хабарҳо
0