Дар Душанбе алайҳи волидайн барои монеъ шудан ба таҳсил 43 парванда боз шудааст

© Foto / Пресс-служба Президента ТаджикистанаШкола в Таджикистане
Школа в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Обуна шудан
Мақомот аз падару модарон, ҷомеа ва ниҳодҳои дахлдорро даъват кардааст, ки ба масъалаи хондани фарзандонашон ҷиддӣ муносибат намоянд
ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Дар семоҳаи якуми соли 2026 дар шаҳри Душанбе 43 ҳолати монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, нисбати падару модароне, ки барои гирифтани илму дониши фарзандонашон монеа эҷод кардаанд, тибқи моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳарчанд ҳукумати кишвар барои таҳсил ва илмомӯзии наврасону ҷавонон тамоми шароитро фароҳам овардааст, ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе волидайн ба ин масъала беаҳамиятӣ зоҳир намуда, барои соҳибкасбу соҳибмаълумот шудани фарзандонашон талош намекунанд.
Тибқи қонунгузории кишвар барои ба ҳар шакл монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Международная выставка-ярмарка Российское образование Душанбе-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Теъдоди довталабони тоҷике, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд кам нашудааст
Чунин кирдор бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ҳатмӣ ба муҳлати аз 180 то 240 соат ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Инчунин дар асоси муқаррароти қонунгузории давлат ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳатман таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд. Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!
Мақомот аз падару модарон, ҷомеа ва ниҳодҳои дахлдорро даъват кардааст, ки ба масъалаи хондани фарзандонашон ҷиддӣ муносибат намоянд.
“Дар соҳибилму соҳибкасб намудани фарзандон ва тарбияи дурусти онҳо саҳми арзанда гузоред. Зеро ояндаи ҷомеа аз тарбияи дурусти насли наврас вобастагии зиёд дорад”, - таъкид кардааст мақомот.
Лентаи хабарҳо
0