Боевая подготовка  инженерных войск группировки войск Запад в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Теъдоди довталабони тоҷике, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд кам нашудааст

© Sputnik / Амир ИсаевМеждународная выставка-ярмарка "Российское образование Душанбе-2018"
Международная выставка-ярмарка Российское образование Душанбе-2018 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2026
Обуна шудан
Россотрудничество иддао дорад, ки новобаста аз ислоҳоте, ки дар бахши маорифи Тоҷикистон анҷом дода шудааст, тедоди довталабоне, ки мехоҳанд дар Русия таҳсил кунанд кам нашудааст
ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Хуруҷи Русия аз низоми Болон ва гузариш ба низоми нави миллии таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи довталабон аз Тоҷикистонро, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия таҳсил кунанд, кам накардааст.
Дар ин бора Андрей Патрушев, роҳбари дафтари Россотрудничество дар ҷумҳурӣ, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС қайд кардааст.
Вай афзуд, ки тағйироти дар боло зикршуда дар маорифи Русия ба раванди ҷамъоварии дархостҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд дар донишгоҳҳои Русия тибқи квотаи ҳукумати Русия таҳсил кунанд, таъсир нарасонидааст.
Ба гуфтаи вай, дар бахши квотаҳо ҳеҷ тағйироте ба вуҷуд наомадааст ва интизор ҳам нест.
“Дар сурати рух додани тағйирот, Россотрудничество фавран сокинони Тоҷикистонро, ки нақшаи таҳсилро дар Русия доранд, огоҳ хоҳад кард”, - гуфт роҳбари дафтари Россотрудничество.
Оқои Патрушев илова кард, ки дархостҳо барои квота аз ҷониби сокинони шаҳрҳои калон ва дигар минтақаҳои аҳолинишин пешниҳод карда мешаванд. Дархостҳо инчунин аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, ки мехоҳанд таҳсили худро дар ин кишвар идома диҳанд, пешниҳод карда мешаванд.
Музыкальные школы Худжанда получили книги от Россотрудничества - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2025
Россотрудничество ба мактабҳои мусиқии Хуҷанд китоб ҳадя кард
Ба гуфтаи вай, соҳаҳои маъмултарин дар байни ҷавонони Тоҷикистон тиб, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисод, ҳуқуқ ва муҳандисӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон 1000 квота барои таҳсил ҷудо кардааст.
Лентаи хабарҳо
0