https://sputnik.tj/20260316/shohin-eyrlanz-tavseai-parki-shirkat-havopaymoi-qarz-1076071610.html
“Шоҳин Эйрланз” барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ 200 миллион доллар қарз гирифт
“Шоҳин Эйрланз” барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ 200 миллион доллар қарз гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймои “Шоҳин Эйрланз” созишномаи сармоягузорӣ ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонгид
2026-03-16T12:35+0500
2026-03-16T12:35+0500
2026-03-16T13:27+0500
дар тоҷикистон
ширкати ҳавоӣ
шоҳин
созишнома
қарзҳо
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076070990_63:174:2048:1290_1920x0_80_0_0_5767b43af7cf0d1cc9f9275d990a9a90.jpg
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” бо як бунёди сармоягузории аврупоӣ созишномаи сармоягузорӣ, ки ҳаҷми умумиаш беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад, ба имзо расонд.Дар ин бора дафтари матбуоти ин ширкати ҳавопаймоӣ хабар додааст.Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода таъкид кардааст, ки маблағҳо барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ, рушди фаъолияти амалиётӣ ва таҳкими инфрасохтори он равона хоҳанд шуд.Қайд карда шудааст, ки созишномаи мазкур ба муҳлати 5 сол ба имзо расонида шудааст.Вай қайд кард, ки музокирот барои имзои созишнома беш аз шаш моҳ ҷараён дошт.“Шоҳин Эйрлайнз” - ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоӣ дар Осиеи Марказӣ ва самтҳои дигари байналмилалӣ нигаронида шудааст.Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд ва дар ояндаи наздик ғанисозии парки ҳавопаймоии худро бо ҳавопаймои L-410 NG (ҳавопаймои мусофирбарии минтақавӣ, ки аз ҷониби ширкати чехии Aircraft Industries, a.s. истеҳсол карда мешавад) дар нақша дорад, ки имкониятҳои мусофиркашонии минтақавиро боз ҳам васеъ менамояд.Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
https://sputnik.tj/20260128/tasisi-shirkati-havoi-shohin-eyr-tojikiston-1074847326.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/10/1076070990_187:0:1996:1357_1920x0_80_0_0_611944da96e9e72d8022061ecd8f793d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ширкати ҳавоӣ, шоҳин, созишнома, қарзҳо, нақлиёт
дар тоҷикистон, ширкати ҳавоӣ, шоҳин, созишнома, қарзҳо, нақлиёт
“Шоҳин Эйрланз” барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ 200 миллион доллар қарз гирифт
12:35 16.03.2026 (Навсозишуда: 13:27 16.03.2026) Ширкати ҳавопаймои “Шоҳин Эйрланз” созишномаи сармоягузорӣ ба муҳлати панҷ сол ба имзо расонгид
ДУШАНБЕ, 16 мар - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” бо як бунёди сармоягузории аврупоӣ созишномаи сармоягузорӣ, ки ҳаҷми умумиаш беш аз 200 миллион долларро ташкил медиҳад, ба имзо расонд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин ширкати ҳавопаймоӣ хабар додааст.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” Зафар Аҳмадзода таъкид кардааст, ки маблағҳо барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ, рушди фаъолияти амалиётӣ ва таҳкими инфрасохтори он равона хоҳанд шуд.
Қайд карда шудааст, ки созишномаи мазкур ба муҳлати 5 сол ба имзо расонида шудааст.
"Имзои созишномаи сармоягузорӣ марҳалаи муҳим дар рушди ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз” мебошад. Ҷалби сармояи дарозмуддат ба суратбахшии тавсеаи парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо, ҳамчунин саҳмгузорӣ дар рушди устувори авиатсияи граждании Тоҷикистон мусоидат менамояд", - қайд намуд роҳбари ширкати ҳавопаймоии “Шоҳин Эйрлайнз”.
Вай қайд кард, ки музокирот барои имзои созишнома беш аз шаш моҳ ҷараён дошт.
“Шоҳин Эйрлайнз” - ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоӣ дар Осиеи Марказӣ ва самтҳои дигари байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд ва дар ояндаи наздик ғанисозии парки ҳавопаймоии худро бо ҳавопаймои L-410 NG (ҳавопаймои мусофирбарии минтақавӣ, ки аз ҷониби ширкати чехии Aircraft Industries, a.s. истеҳсол карда мешавад) дар нақша дорад, ки имкониятҳои мусофиркашонии минтақавиро боз ҳам васеъ менамояд.
Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.