https://sputnik.tj/20260418/taboduli-koloi-rusiya-osiyoi-markazi-1076922206.html
Табодули колои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 50 миллиард доллар расид
Табодули колои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 50 миллиард доллар расид
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки муносибатҳои байни кишварҳо бар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтаанд
2026-04-18T15:46+0500
2026-04-18T15:46+0500
2026-04-18T15:46+0500
дар тоҷикистон
русия
осиёи марказӣ
табодули мол
сиёсат
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076600434_0:52:3072:1780_1920x0_80_0_0_5b9b4f0e34c11d8c56d0cb70ee593205.jpg
ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Бо вуҷуди вазъи ноороми геополитикӣ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд гардиши баланди тиҷоратиро нигоҳ доранд, ки соли гузашта ба 50 миллиард доллар наздик шудаааст.Дар ин бора Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин бора дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ хабар дод."Бо вуҷуди нооромиҳои кунунии геополитикӣ, мо тавонистем табодули баланди колоро нигоҳ дорем ва соли гузашта афзоиш идома ёфта ба 50 миллиард доллар наздик шуд", - гуфт ӯ.Вазир ба аҳамияти механизми муколамаи шашҷониба таъкид карда қайд кард "бомуваффақият, динамикӣ ва ба манфиати ҳамаи иштирокчиён рушд мекунад"."Муносибатҳои мо бар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтаанд ва бешубҳа сазовори баландтарин баҳо ҳамчун намунаи шарикии муосир ва пешрафтаи байналмилалӣ мебошанд", - таъкид кард ӯ.Лавров хотиррасон кард, ки дуввумин нишасти "Осиёи Марказӣ + Русия" моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар он ҷо роҳбарон нақшаи муштараки амалро барои солҳои 2025-2027 тасдиқ карданд ва як қатор ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла соҳаҳои ҳамкорӣ, аз қабили тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, амният, робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона ва масъалаҳои муҳоҷиратро пешниҳод кардюа буданд.Вазири хориҷаи Русия хулоса кард, ки айни замон омодасозии лоиҳаҳо ва чорабиниҳои мушаххас дар доираи гурӯҳҳои кории шашҷониба, ки аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудаанд, идома дорад.
https://sputnik.tj/20260416/rusiya-rushdi-iqtisodi-tojikiston-1076884094.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/03/1076600434_302:0:3033:2048_1920x0_80_0_0_0526d1bce1b00587c49c73acb2e571eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, осиёи марказӣ, табодули мол, сиёсат , сергей лавров
дар тоҷикистон, русия, осиёи марказӣ, табодули мол, сиёсат , сергей лавров
Табодули колои Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 50 миллиард доллар расид
Вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки муносибатҳои байни кишварҳо бар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила ва ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Бо вуҷуди вазъи ноороми геополитикӣ, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ тавонистанд гардиши баланди тиҷоратиро нигоҳ доранд, ки соли гузашта ба 50 миллиард доллар наздик шудаааст.
Дар ин бора Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар ин бора дар мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ хабар дод.
"Бо вуҷуди нооромиҳои кунунии геополитикӣ, мо тавонистем табодули баланди колоро нигоҳ дорем ва соли гузашта афзоиш идома ёфта ба 50 миллиард доллар наздик шуд", - гуфт ӯ.
Вазир ба аҳамияти механизми муколамаи шашҷониба таъкид карда қайд кард "бомуваффақият, динамикӣ ва ба манфиати ҳамаи иштирокчиён рушд мекунад".
"Муносибатҳои мо бар асоси баробарӣ, эҳтироми мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои якдигар асос ёфтаанд ва бешубҳа сазовори баландтарин баҳо ҳамчун намунаи шарикии муосир ва пешрафтаи байналмилалӣ мебошанд", - таъкид кард ӯ.
Лавров хотиррасон кард, ки дуввумин нишасти "Осиёи Марказӣ + Русия" моҳи октябри соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар он ҷо роҳбарон нақшаи муштараки амалро барои солҳои 2025-2027 тасдиқ карданд ва як қатор ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла соҳаҳои ҳамкорӣ, аз қабили тиҷорат, иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, амният, робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона ва масъалаҳои муҳоҷиратро пешниҳод кардюа буданд.
Вазири хориҷаи Русия хулоса кард, ки айни замон омодасозии лоиҳаҳо ва чорабиниҳои мушаххас дар доираи гурӯҳҳои кории шашҷониба, ки аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шудаанд, идома дорад.