Путин муносибатҳои Русия ва кишварҳои ИДМ-ро махсус номид

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин.
Президент РФ Владимир Путин. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи раҳбари Русия, кишварҳои ИДМ бо таърихи муштарак, иқтисод, лоиҳаҳои башардӯстона ва робитаҳои инсонии худ бо ҳам пайванди зич доранд
ДУШАНБЕ, 17 апрел – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Русия дар тӯли даҳсолаҳо бо кишварҳои ИДМ муносибатҳои махсус барқарор кардааст.
Рӯзи ҷумъа, сарвари давлат бо аъзои доимии Шӯрои Амният барои баррасии ҳамкориҳо бо кишварҳои ИДМ ҷаласа баргузор кард.
Дар ҷаласа раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, роҳбари Дастгоҳи Президент Антон Вайно, котиби Шӯрои Амният Сергей Шойгу, ёвари президент Николай Патрушев, вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколсев ва вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, инчунин директори ФСБ Александр Бортников ва директори иктишофи хориҷӣ Сергей Наришкин иштирок карданд.
Путин зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид кард, ки Русия ҳамеша бо кишварҳои ИДМ муносибатҳои махсус дошт ва дорад — ҳам аз сабабҳои таърихӣ ва ҳам аз сабаби робитаҳои назарраси иқтисодии онҳо.
Раисҷумҳур инчунин робитаҳои наздики кишварҳои Иттиҳодро дар соҳаҳои башардӯстона ва "андозаҳои инсонӣ" қайд кард.
"Издивоҷҳои омехта, манфиатҳои мутақобилаи зиёде дар фарҳанг ва дигар соҳаҳои дорои аҳамияти аввалиндараҷа зиёданд",- таъкид кард Путин.
Раҳбари Русия вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавровро барои оғози муҳокима даъват кард, ки пас аз он дигар иштирокчиён метавонанд гузориши ӯро дар соҳаҳои худ пурра кунанд.
9-я Региональная встреча глав пограничных служб государств-членов СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2026
Дар Суғд таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии ИДМ баррасӣ шуд
Ёдовар мешавем, ки рӯзи ҷумъа, 17 апрел, дар Маскав ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Роҳбарони вазорату идораҳои корҳои хориҷӣ дар бораи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ мубодилаи афкор карда, дурнамои ҳамкорӣ дар доираи ИДМ-ро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи хоса ба амнияти минтақавӣ, густариши ҳамкории иқтисодӣ ва амиқсозии робитаҳои башардӯстона ва фарҳангӣ дар доираи Иттиҳод зоҳир карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0