https://sputnik.tj/20260409/sugd-tamini-vazi-ustuvor-sarhad-berunii-idm-1076706968.html
Дар Суғд таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии ИДМ баррасӣ шуд
Дар Суғд таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии ИДМ баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид
2026-04-09T09:36+0500
2026-04-09T09:36+0500
2026-04-09T09:36+0500
дар тоҷикистон
идм
марз
суғд
маҷлис
субот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/08/1076705140_0:89:1262:799_1920x0_80_0_0_a852d108e533f89d987f9f1a18ddfae1.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ бо ҳузури роҳбарону ҳайатҳои идораи сарҳадии Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия баргузор шуд.Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ҷаласаи мазкур дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид.Машваратро муовини якуми Раиси КДАМ ҶТ — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабзода Муродалӣ ифтитоҳ намуд.Қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни машварат иштирокчиён тадбирҳои андешидашавандаи идораҳои сарҳадии давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ-ро барои муқовимат ба таҳдидҳои амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.Дар ин ҷаласа, дар бораи аҳамияти Барномаи ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ барои таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунӣ барои солҳои 2026–2030 ҳамчун механизми амалии татбиқи сиёсати ҳамоҳангшудаи сарҳадӣ таъкид гардид.Ҳамзамон дар ҷаласа, ба фаъолсозии иштироки мақомоти марзӣ дар татбиқи Барномаи байнидавлатии чораҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024–2028 ва Барномаи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар самти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2026–2028 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.Зикр карда шудааст, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа маҷмӯи тадбирҳои амалӣ барои таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии Иттиҳод таҳия гардид.
https://sputnik.tj/20260111/lebedev-hamgiroi-nizomi-idm-taqviyat-1074434947.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/08/1076705140_81:0:1182:826_1920x0_80_0_0_4a90b86efb7aed14d939d1ad406a4b35.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, идм, марз, суғд, маҷлис, субот
дар тоҷикистон, идм, марз, суғд, маҷлис, субот
Дар Суғд таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии ИДМ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистони Тоҷикистон машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Дар вилояти Суғди Тоҷикистон ҷаласаи машварати 9-уми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ бо ҳузури роҳбарону ҳайатҳои идораи сарҳадии Узбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия баргузор шуд.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, ҷаласаи мазкур дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид.
Машваратро муовини якуми Раиси КДАМ ҶТ — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон, генерал-лейтенант Раҷабзода Муродалӣ ифтитоҳ намуд.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни машварат иштирокчиён тадбирҳои андешидашавандаи идораҳои сарҳадии давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ-ро барои муқовимат ба таҳдидҳои амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунии давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ намуданд.
Дар ин ҷаласа, дар бораи аҳамияти Барномаи ҳамкории давлатҳо- иштирокчиёни ИДМ барои таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои берунӣ барои солҳои 2026–2030 ҳамчун механизми амалии татбиқи сиёсати ҳамоҳангшудаи сарҳадӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон дар ҷаласа, ба фаъолсозии иштироки мақомоти марзӣ дар татбиқи Барномаи байнидавлатии чораҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024–2028 ва Барномаи ҳамкории давлатҳои узви ИДМ дар самти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2026–2028 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Зикр карда шудааст, ки аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа маҷмӯи тадбирҳои амалӣ барои таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии Иттиҳод таҳия гардид.