https://sputnik.tj/20260417/rahbarii-rustami-emomali-iqtisodiyot-poytakht-rushd-1076893357.html
Дар 9 соли раҳбарии Рустами Эмомалӣ иқтисодиёти пойтахт 7,3% рушд кардааст
Дар 9 соли раҳбарии Рустами Эмомалӣ иқтисодиёти пойтахт 7,3% рушд кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Душанбе тайи 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст
2026-04-17T11:41+0500
2026-04-17T11:41+0500
2026-04-17T11:41+0500
дар тоҷикистон
душанбе
раиси шаҳр
рустам эмомалӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073817068_0:32:1280:752_1920x0_80_0_0_c1c3a262d0887c6e41560ddaa645defd.jpg
ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Давоми 9 соле, ки Рустам Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе кор мекунад иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоби миёна 7,3 фоиз рушд карда, ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.Дар ин бора сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ба “Паёми Душанбе” хабар додааст.Ба гуфтаи вай дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 3,5 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки шароити зист ва манзилию маишии сокинони пойтахтро хеле беҳбуд кардааст.Вай гуфт, ки тайи 9 соли охир дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт барои бо набзи замон мутобиқ намудани тамоми инфрасохтор як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд.Мақомдори тоҷик қайд кардааст, ки дар пойтахт бахши сохтмон ва таҷдиди роҳҳои бисёрқабата беҳбуд ёфта, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, мавриди истифода қарор додани нақлиёти замонавии мусофирбари ҷамъиятӣ ба маром идома дорад.Таъкид шудааст, ки дар 9 сол симои пойтахти кишвар тағйир ёфта зеботар ва сатҳи зиндагии сокинону хизматрасонии меҳмонон, ба таври куллӣ беҳтар гардидаст.Вай илова кард, ки давоми муҳлати зикршуда дар шаҳри Душанбе бунёду азнавсозии 80 муассисаи таълимӣ, 16 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ, 245 муассисаву марказҳои тиббӣ, 110 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 192 километр роҳ, бахусус, 2 роҳи сеқабатаи автомобилгард (эстакада) ва 207 истгоҳи замонавии нақлиётӣ, 56 бинои маъмурӣ, 392 бинои баландошёна бо 279 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 5 меҳмонхона, 12 тарабхона, 5 бозор, 4 маркази бузурги савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ, 17 боғ, 59 гулгашт, 15 иншооти варзиш, 382 майдончаи варзиш ва 5 хобгоҳ сурат гирифтааст.
https://sputnik.tj/20260406/maktabhoi-dushanbe-barnomai-edonish-payvast-1076646482.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/0f/1073817068_31:8:1249:921_1920x0_80_0_0_51a98b96903ed0883f17e618c2b07585.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, душанбе, раиси шаҳр, рустам эмомалӣ, иқтисод
дар тоҷикистон, душанбе, раиси шаҳр, рустам эмомалӣ, иқтисод
Дар 9 соли раҳбарии Рустами Эмомалӣ иқтисодиёти пойтахт 7,3% рушд кардааст
Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Душанбе тайи 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудааст
ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Давоми 9 соле, ки Рустам Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе кор мекунад иқтисодиёти шаҳр ба ҳисоби миёна 7,3 фоиз рушд карда, ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ 2,8 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ба “Паёми Душанбе” хабар додааст.
Ба гуфтаи вай дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе беш аз 3,5 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст, ки шароити зист ва манзилию маишии сокинони пойтахтро хеле беҳбуд кардааст.
Вай гуфт, ки тайи 9 соли охир дар доираи иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳудуди пойтахт барои бо набзи замон мутобиқ намудани тамоми инфрасохтор як қатор корҳои назаррас анҷом дода шуданд.
Мақомдори тоҷик қайд кардааст, ки дар пойтахт бахши сохтмон ва таҷдиди роҳҳои бисёрқабата беҳбуд ёфта, бунёди истгоҳҳои замонавӣ, мавриди истифода қарор додани нақлиёти замонавии мусофирбари ҷамъиятӣ ба маром идома дорад.
Таъкид шудааст, ки дар 9 сол симои пойтахти кишвар тағйир ёфта зеботар ва сатҳи зиндагии сокинону хизматрасонии меҳмонон, ба таври куллӣ беҳтар гардидаст.
Вай илова кард, ки давоми муҳлати зикршуда дар шаҳри Душанбе бунёду азнавсозии 80 муассисаи таълимӣ, 16 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ, 245 муассисаву марказҳои тиббӣ, 110 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 192 километр роҳ, бахусус, 2 роҳи сеқабатаи автомобилгард (эстакада) ва 207 истгоҳи замонавии нақлиётӣ, 56 бинои маъмурӣ, 392 бинои баландошёна бо 279 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 5 меҳмонхона, 12 тарабхона, 5 бозор, 4 маркази бузурги савдою хизматрасонӣ ва фароғатӣ, 17 боғ, 59 гулгашт, 15 иншооти варзиш, 382 майдончаи варзиш ва 5 хобгоҳ сурат гирифтааст.