https://sputnik.tj/20260406/maktabhoi-dushanbe-barnomai-edonish-payvast-1076646482.html
Беш аз 93% фоизи мактабҳои шаҳри Душанбе ба барномаи "eDonish" пайваст шуданд
Беш аз 93% фоизи мактабҳои шаҳри Душанбе ба барномаи "eDonish" пайваст шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф татбиқи барномаи иттилоотии "Kudak.tj" дар муассисаҳои томактабӣ ва барномаи "eDonish" дар мактабҳоро муҳим арзёбӣ гардид
2026-04-06T18:21+0500
2026-04-06T18:21+0500
2026-04-06T18:39+0500
дар тоҷикистон
мактаб
маориф
пайваст шудан
интернет
технологияи навин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101827/56/1018275674_0:201:3108:1949_1920x0_80_0_0_57c64ea8c7edb68895e90c5df96c7c1f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. То имрӯз 95 муассисаи томактабии пойтахт ба барномаи "Kudak.tj" пайваст гардидаааст.Дар ин бора дар ҷаласаи мушовара доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ эълон карда шудБа иттилои вазаорат, пайвастшавии муассисаҳои томактабии пойтахт ба барномаи "Kudak.tj" имкон медиҳад, раванди бақайдгирӣ, идоракунӣ ва ҳамкории муассиса бо волидайн ба таври шаффоф ва самаранок анҷом ёбад.Ҳамзамон ба иттилои вазоарт, 93,3% муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба барномаи "eDonish" пайваст гардида, раванди таълими зиёда аз 309 ҳазор хонанда тавассути он назорат мешавад.Масъулин дар ин ҷаласа таъкид карданд, ки мақомот ба масъалаи рақамикунонии соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.Қайд карда шуд, ки татбиқи барномаи иттилоотии "Kudak.tj" дар муассисаҳои томактабӣ ва барномаи "eDonish" дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун қадамҳои муҳим дар роҳи гузариш ба идоракунии рақамии соҳа мебошад.Масъулини вазорати маориф ва илм зимни баромади худ таъкид намуд, ки таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба шумор рафта, татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ, истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва тақвияти назорати дохилимуассисавӣ метавонад заминаи устувори рушди соҳа ва мутобиқсозии низоми таҳсилотро ба талаботи замони муосир фароҳам оварад.Ҳамчунин дар рафти ҷаласа масъалаҳои рушди таҳсилоти томактабӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва вусъат бахшидани иштироки волидайн дар раванди таълим низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
https://sputnik.tj/20260312/vazorati-maorif-zaboni-rusi-tojikiston-naqshi-vizha-1075953836.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101827/56/1018275674_377:0:3108:2048_1920x0_80_0_0_12cdee13baf3cf33e71cfd1ab1f41d6e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, мактаб, маориф, пайваст шудан, интернет, технологияи навин
дар тоҷикистон, мактаб, маориф, пайваст шудан, интернет, технологияи навин
Беш аз 93% фоизи мактабҳои шаҳри Душанбе ба барномаи "eDonish" пайваст шуданд
18:21 06.04.2026 (Навсозишуда: 18:39 06.04.2026) Вазорати маориф татбиқи барномаи иттилоотии "Kudak.tj" дар муассисаҳои томактабӣ ва барномаи "eDonish" дар мактабҳоро муҳим арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. То имрӯз 95 муассисаи томактабии пойтахт ба барномаи "Kudak.tj" пайваст гардидаааст.
Дар ин бора дар ҷаласаи мушовара доир ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ эълон карда шуд
Ба иттилои вазаорат, пайвастшавии муассисаҳои томактабии пойтахт ба барномаи "Kudak.tj" имкон медиҳад, раванди бақайдгирӣ, идоракунӣ ва ҳамкории муассиса бо волидайн ба таври шаффоф ва самаранок анҷом ёбад.
Ҳамзамон ба иттилои вазоарт, 93,3% муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба барномаи "eDonish" пайваст гардида, раванди таълими зиёда аз 309 ҳазор хонанда тавассути он назорат мешавад.
Масъулин дар ин ҷаласа таъкид карданд, ки мақомот ба масъалаи рақамикунонии соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Қайд карда шуд, ки татбиқи барномаи иттилоотии "Kudak.tj" дар муассисаҳои томактабӣ ва барномаи "eDonish" дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамчун қадамҳои муҳим дар роҳи гузариш ба идоракунии рақамии соҳа мебошад.
Масъулини вазорати маориф ва илм зимни баромади худ таъкид намуд, ки таъмини сифати таҳсилот ва баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба шумор рафта, татбиқи самараноки барномаҳои давлатӣ, истифодаи васеи технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва тақвияти назорати дохилимуассисавӣ метавонад заминаи устувори рушди соҳа ва мутобиқсозии низоми таҳсилотро ба талаботи замони муосир фароҳам оварад.
Ҳамчунин дар рафти ҷаласа масъалаҳои рушди таҳсилоти томактабӣ, ворид намудани технологияҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва вусъат бахшидани иштироки волидайн дар раванди таълим низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.