https://sputnik.tj/20260415/vens-qati-mablaghguzorii-kiev-1076859450.html
Вэнс аз қатъи маблағгузории Киев гуфт
Вэнс аз қатъи маблағгузории Киев гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вэнс ӯҳдадории худро барои қатъ кардани маблағгузорӣ барои Украина тасдиқ кард 15.04.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-04-15T14:47+0500
2026-04-15T14:47+0500
2026-04-15T14:47+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
има
амрико
амалиёти вижа
аслиҳа
русия
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0f/1076859639_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_6d50100cfcde9df2c693226fa106a334.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс гуфт, ки Вашингтон набояд сарпарасати низоъ дар Украина бошад."Ман гуфтам, ки мо бояд маблағгузории ҷанги Украинаро қатъ кунем. Ва ман то ҳол ба ин бовар дорам", - гуфт ӯ дар чорабинии Turning Point USA дар Донишгоҳи Ҷорҷия.Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, яке аз муваффақиятҳои маъмурияти президент Доналд Трамп қарори қатъи хариду фурӯши силоҳ ба Украина аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида буд. Вэнс таъкид кард, ки аз ин дастовард аз ҳама бештар ифтихор мекунад.Дар моҳи феврал Кохи Сафед эълон кард, ки Вашингтон дигар силоҳро аз щисоби Амрико ба Киев интиқол намедиҳад, балки онҳоро ба кишварҳои НАТО мефурӯшад, ва сипас Украина ба ин силоҳҳо дастрасӣ пайдо мекунад. Трамп баъдтар изҳор дошт, ки агар ӯ ба ҷои президенти собиқи ИМА Ҷо Байден президент мебуд, ба режими Владимир Зеленский ягон кӯмак намерасонд.Дар аввали моҳи июли соли гузашта Politico хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида фиристодани мушакҳои зиддиҳавоӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро ба Украина қатъ кардааст. Иддао шуда буд, ки Пентагон интиқолро аз сабаби нигарониҳо дар бораи кам шудани захираҳо боздоштааст.
https://sputnik.tj/20260415/lavrov-oyanda-khovari-miyona-naqshaho-gharb-1076852631.html
украина
има
амрико
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0f/1076859639_228:0:2957:2047_1920x0_80_0_0_91a5321eadd51e02518b3ff1d2ddb17c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, има, амрико, амалиёти вижа, аслиҳа, русия, низоъ
украина, има, амрико, амалиёти вижа, аслиҳа, русия, низоъ
Вэнс аз қатъи маблағгузории Киев гуфт
Вэнс ӯҳдадории худро барои қатъ кардани маблағгузорӣ барои Украина тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс гуфт, ки Вашингтон набояд сарпарасати низоъ дар Украина бошад.
"Ман гуфтам, ки мо бояд маблағгузории ҷанги Украинаро қатъ кунем. Ва ман то ҳол ба ин бовар дорам", - гуфт ӯ дар чорабинии Turning Point USA дар Донишгоҳи Ҷорҷия.
Ба гуфтаи ин сиёсатмадор, яке аз муваффақиятҳои маъмурияти президент Доналд Трамп қарори қатъи хариду фурӯши силоҳ ба Украина аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида буд. Вэнс таъкид кард, ки аз ин дастовард аз ҳама бештар ифтихор мекунад.
Дар моҳи феврал Кохи Сафед эълон кард, ки Вашингтон дигар силоҳро аз щисоби Амрико ба Киев интиқол намедиҳад, балки онҳоро ба кишварҳои НАТО мефурӯшад, ва сипас Украина ба ин силоҳҳо дастрасӣ пайдо мекунад. Трамп баъдтар изҳор дошт, ки агар ӯ ба ҷои президенти собиқи ИМА Ҷо Байден президент мебуд, ба режими Владимир Зеленский ягон кӯмак намерасонд.
Дар аввали моҳи июли соли гузашта Politico хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида фиристодани мушакҳои зиддиҳавоӣ ва дигар лавозимоти ҷангиро ба Украина қатъ кардааст. Иддао шуда буд, ки Пентагон интиқолро аз сабаби нигарониҳо дар бораи кам шудани захираҳо боздоштааст.