Тақвияти ҳамкориҳои ИИАО бо Индонезия

© iStock.com \ GraphixelВид на столицу Индонезии Джакарту
Вид на столицу Индонезии Джакарту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2026
Обуна шудан
Дар Ҷакарта ҷаласае баргузор шуд, ки дар он намояндагони тиҷорати бузурги Индонезия, ки ба ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳавасманданд иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Дар ҳамоише, ки дар Ҷакарта баргузор шуд ба дурнамои тиҷорат тибқи Созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Индонезия таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.
Мақомдори Департаменти сиёсати тиҷоратии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Кира Данилчева, дар ин ҳамоиш аз имкониятҳои нави тиҷорати ИИАО ва Индонезия таъкид кард.
Ба гуфтаи вай, ин имзои созишнома дар бораи тиҷорати озод барои ширкатҳои Индонезия барои ворид шудан ба бозори ИИАО шароити беҳтару ва мусоидтар фароҳам авардааст.
"Созишномаи тиҷорати озод шароити пешгӯишаванда ва шаффофро барои тиҷорати Индонезия барои ворид шудан ба бозори ИИАО боз кард. Ин ҳуҷҷат монеаҳои тарифиро бартараф мекунад ва расмиёти баровардани молҳоро содда ва муҳити бароҳаттарро барои соҳибкорӣ фароҳам меорад. Мо ба амиқтар кардани ҳамкории худ бо тоҷирон аҳамияти хос медиҳем - ин аз ҷиҳати огоҳ кардани онҳо дар бораи мушкилот ё монеаҳои мавҷуда муҳим аст", - қайд кард Кира Данилчева.
Флаги стран-участниц Евразийского экономического союза (ЕАЭС) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2026
Рақобатпазирии бахши саноат дар ИИАО афзудааст
Созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия 21 декабри соли 2025 имзо шуда буд. Айни замон ҳуҷҷат расмиёти зарурии тасдиқкуниро аз сар мегузаронад.
Пас аз анҷоми ин раванд, созишнома эътибор пайдо мекунад ва амалӣ карда мешавад.
Интизор меравад, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Индонезия ба афзоиши тиҷорати мутақобила ва фаъолияти сармоягузорӣ мусоидат кунад.
Лентаи хабарҳо
0