Аз МОИ “Суғд” ба 15 кишвари ҷаҳон маҳсулот содирот мешавад

© Foto / СЭЗ "Сугд"Производство в свободной экономической зоне "Сугд"
Производство в свободной экономической зоне Сугд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2026
Обуна шудан
Ҳоло дар МОИ “Суғд” 46 субъект ба фаъолияти истеҳсолӣ, сохтмонӣ ва хидматрасонӣ машғул мебошад
ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Соли гузашта ҳаҷми маҳсулоти содиротии субъектҳои МОИ “Суғд” 201,5 миллион сомониро ташкил кард, ки назар ба соли пеш 145,5 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора Андар Раҳмонӣ, сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят хабар додааст.
Вай гуфт, маҳсулоти тавлидкардаи корхонаҳои саноатии МОИ “Суғд” ба понздаҳ кишвар содирот мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" бунёди Маркази логистикӣ идома дорад, ки ба рушди инфрасохтори соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва ҳарчи бештар ба хориҷ баровардани молу маҳсулоти ватанӣ мусоидат хоҳад кард.
“Масъулон дастур гирифтаанд, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ба истифода диҳанд. Чунин марказҳо дар тақвияти занҷири истеҳсолу содирот ва коҳиши хароҷоти нақлиётӣ нақши калидӣ доранд”, - гуфт Андар Раҳмонӣ.
Илова бар ин, дар МОИ "Суғд" аз тарафи ҶДММ “Сайр Суғд” корхонаи истеҳсоли дучархаҳои гуногун бунёд гардида истодааст.
Переработка фруктов. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.10.2025
Дар МОИ "Суғд" корхонаи нави саноатӣ бунёд мешавад
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Донаи Алмос”, ки дар МОИ "Суғд" фаъолият дорад, ба коркард ва бандубасти меваҳои шаҳдбор машғул буда, содироти маҳсулоти худро ба кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Туркия, Олмон, Озарбойҷон, Ироқ, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон, ба роҳ мондааст.
Бино ба иттилои масъулон, бунёди чунин корхонаҳо барои таъмини шаҳрвандон, бахусус занон, бо ҷойи кори доимӣ мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0