Хуҷанд содироти маҳсулотро ба хориҷ аз кишвар ба маротиб афзоиш додааст

© Foto / Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанОткрытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар
Открытие таджикского предприятия по производству труб и профилей в городе Гиссар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2026
Обуна шудан
Ба иттилои мақомоти шаҳри Хуҷанд иддао дорад, ки миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 329 адад расидааст
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Мақомоти Хуҷанд мегӯяд, ки новобаста аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи тағйиротҳои ҷаҳонии солҳои охир дар натиҷаи чораҳои андешидашуда дар се моҳи соли равон 6 корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бунёд гардидааст.
Дар ин бора Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рўйи натиҷаи фаъолияти шаҳрдорӣ давоми 3 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.
Вай таъкид кард, ки корхонаҳо бо истифодаи технологияҳои муосир ва бо ҷалби 36,5 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шудаанд.
Қайд карда шуд, ки дар ҳоли ҳозир миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ дар шаҳр ба 329 адад расидааст.
“Таҳлилҳо собит менамоянд, ки дар семоҳи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 576,9 миллион сомонӣ расидааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 30,8%-ро ташкил дод”, - гуфт шаҳрдори Хуҷанд.
Ҳамчунин вай афзуд, ки аз ин миқдор 99,9 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 12,8%-ро ташкил медиҳад.
Открытие историко-культурного комплекса  Калаи Худжанд” после ремонта и реконструкции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2026
Дар шаҳри Хуҷанд боғи Фирдавсӣ пайдо мешавад
“Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт таҳкими асосӣ гузошта истодааст”, - қайд кард Фирдавс Шарифзода.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар ҷаласа илова кард, ки дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот сол аз сол зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 127 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 253,2 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 52,2 млн. сомонӣ ё 26 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Лентаи хабарҳо
0