Дар шаҳри Хуҷанд боғи Фирдавсӣ пайдо мешавад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаОткрытие историко-культурного комплекса " Калаи Худжанд” после ремонта и реконструкции
Открытие историко-культурного комплекса  Калаи Худжанд” после ремонта и реконструкции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи мақомот Боғи мазкур на танҳо симои шаҳрро зеботар мегардонад, балки барои истироҳату фароғати сокинон низ мусоидат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 14 апр – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ идома дорад.
Ба иттилои мақомоти Суғд ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳо сохтмонӣ шинос шуд.
Раиси вилоят зимни боздид супориш дод, ки корҳо бояд бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.
Боғи мазкур дар маҳаллаҳои 6 ва 7-уми шаҳр бунёд гардида, тибқи иттилои масъулин 50 дарсади масоҳати он кабудизор карда мешавад.
Дар қисми боқимонда роҳравҳо, майдончаҳои варзишиву бозӣ, ҷойҳои нишаст ва низоми муосири чароғонкунӣ сохта хоҳанд шуд.
Дар Мурғоб боғ бунёд мекунанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2026
Дар Мурғоб боғ бунёд мекунанд.
Татбиқи ин лоиҳа на танҳо симои шаҳрро зеботар мегардонад, балки барои истироҳату фароғати сокинон низ мусоидат хоҳад кард. Ин боғ ҳамчун як гӯшаи зебо туҳфаи арзанда ба сокинону меҳмонони шаҳр дар арафаи ҷашни миллӣ хоҳад буд.
Ҳамзамон, роҳбари вилоят бо рафти азнавсозии Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Суғдиён" (Боғи Ғалаба), сохтмони бинои беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоят, бинои Суди вилояти Суғд, чойхона, ва Қасри фарҳанг шинос шуда, барои дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Лентаи хабарҳо
0