https://sputnik.tj/20260415/bozor-maqomot-panjakent-zaradidagon-sukhtor-imtiyoz-1076845899.html
Бозори нав: мақомоти Панҷакент ба зарадидагони сӯхтор имтиёзҳо медиҳад
Бозори нав: мақомоти Панҷакент ба зарадидагони сӯхтор имтиёзҳо медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Панҷакент ба соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори “Гулистон” зарар диданд, кумакпуливу имтиёзҳои андозӣ ва ғайра пешниҳод кардааст
2026-04-15T10:41+0500
2026-04-15T10:41+0500
2026-04-15T10:41+0500
дар тоҷикистон
бозор
сӯхтор
панҷакент
имтиёз
андоз
мақомот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0e/1076845040_37:153:1515:984_1920x0_80_0_0_ebb4415dc63af91ce4d439624944c3f3.jpg
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ахиран раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо намояндагони тоыироне, ки аз сӯхтор дар бозори “Гулистон” зарар дида буданд, дидору гуфтугӯ кард.Дар дидор қайд карда шуд, ки ба ҷои корношоямшудаи бозори “Гулистон” барои тоҷирони маркази нави савдо ва хидматрасонӣ бо номи “Бозори Панҷакент” бунёд карда шудааст.Бо намояндагони тоҷирон мақомот масъалаҳои марбут ба тартибу шартҳои ҷойгиронии онҳоро баррасӣ намуданд.Мақомот дар сӯҳбат бо тоҷирон қайд кард, ки ҳукумати шаҳр барои кӯмак ба тоҷирони аз сӯхтор зиёндида тадбирҳои амалӣ андешидааст.Ҳамчунин ба тоҷирон ваъда дод шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулки маркази савдо ва хидматрасонӣ ҳаҷми маблағи иҷораи дӯконҳо баъди гузаштани мӯҳлати имтиёзӣ коҳиш дода мешавад.Қайд карда шудааст, ки дар бозори нав барои фаъолияти тоҷирон ҳамаи шароити зарурии корӣ ва маишӣ бо назардошти қоидаҳои бехатарӣ муҳайё карда шудааст.Ёдовар мешавем, ки 12 ноябри соли гузашта бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо “латтабозор” маъруф буд, ба коми оташ рафт.Ба гузориши, намояндаии КҲФ дар шаҳр, сӯхтор тақрибан панҷ соат давом кард, ва масоҳати он 600 метри мураббаъро фаро гирифта буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/47733
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0e/1076845040_0:0:1717:1288_1920x0_80_0_0_1de6859e31e971557b703fb2e8675dc5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бозор, сӯхтор, панҷакент, имтиёз, андоз, мақомот
дар тоҷикистон, бозор, сӯхтор, панҷакент, имтиёз, андоз, мақомот
Бозори нав: мақомоти Панҷакент ба зарадидагони сӯхтор имтиёзҳо медиҳад
Мақомоти Панҷакент ба соҳибкороне, ки дар сӯхтори бозори “Гулистон” зарар диданд, кумакпуливу имтиёзҳои андозӣ ва ғайра пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Ахиран раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо намояндагони тоыироне, ки аз сӯхтор дар бозори “Гулистон” зарар дида буданд, дидору гуфтугӯ кард.
Дар дидор қайд карда шуд, ки ба ҷои корношоямшудаи бозори “Гулистон” барои тоҷирони маркази нави савдо ва хидматрасонӣ бо номи “Бозори Панҷакент” бунёд карда шудааст.
Бо намояндагони тоҷирон мақомот масъалаҳои марбут ба тартибу шартҳои ҷойгиронии онҳоро баррасӣ намуданд.
Мақомот дар сӯҳбат бо тоҷирон қайд кард, ки ҳукумати шаҳр барои кӯмак ба тоҷирони аз сӯхтор зиёндида тадбирҳои амалӣ андешидааст.
“Аз ҷумла, барои дастгирии онҳо аз фонди захиравии раиси шаҳр 300 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, дар бахши шаҳрии Амонатбонк бо мақсади ёрӣ ба онҳо суратҳисоб кушода, онҳо шаш моҳ аз пардохти андоз, маблағи иҷораи дӯконҳои бозор озод намуда, пардохти қарзҳои бонкӣ дар ин муддат мутаваққиф карда шудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамчунин ба тоҷирон ваъда дод шуд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибмулки маркази савдо ва хидматрасонӣ ҳаҷми маблағи иҷораи дӯконҳо баъди гузаштани мӯҳлати имтиёзӣ коҳиш дода мешавад.
Қайд карда шудааст, ки дар бозори нав барои фаъолияти тоҷирон ҳамаи шароити зарурии корӣ ва маишӣ бо назардошти қоидаҳои бехатарӣ муҳайё карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 12 ноябри соли гузашта бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо “латтабозор” маъруф буд, ба коми оташ рафт.
Ба гузориши, намояндаии КҲФ дар шаҳр, сӯхтор тақрибан панҷ соат давом кард, ва масоҳати он 600 метри мураббаъро фаро гирифта буд.