https://sputnik.tj/20260413/shohiyon-guzarish-nizomi-talim-jomeai-ahamiyati-kalidi-1076802185.html
Шоҳиён: гузариш ба низоми 12-солаи таълим барои ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ дорад
Шоҳиён: гузариш ба низоми 12-солаи таълим барои ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
2026-04-13T13:57+0500
2026-04-13T13:57+0500
2026-04-13T13:57+0500
дар тоҷикистон
мактаб
таҳсил
маориф
парлумон
гузариш ба низоми таҳсили 12-сола
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993102_0:66:1280:786_1920x0_80_0_0_3b835d59f72f396156e07c13f7e1fb4e.jpg
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ахиран Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мавзуи "Масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсилот, гузариш ба низоми 12-солаи таълим" ҳамоиш баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст.Зимни ҳамоиш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки масъалаҳои баррасишаванда воқеан барои рушди устувори давлат ва ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ доранд.“Соҳаи илму маориф ва танзими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, аз ҷумла фаъолияти динӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки бевосита ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифат ва сатҳи масъулияти шаҳрвандии насли наврас таъсир мерасонанд”, - гуфт Шоҳиён.Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода гузариш ба таҳсили 12 - соларо амри зарурӣ хонд ва гуфт ин низоми таҳсил раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад."Гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.Бояд қайд кард, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид ва баррасии ин масъала ба соли 2023 ба таъхир гузошта шуда буд.
https://sputnik.tj/20260228/muini-guzarish-tahsil-taqozo-zamon-1075618689.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/13/1040993102_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_79102062b45d6c69de050f2ebde1df0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, мактаб, таҳсил, маориф, парлумон, гузариш ба низоми таҳсили 12-сола
дар тоҷикистон, мактаб, таҳсил, маориф, парлумон, гузариш ба низоми таҳсили 12-сола
Шоҳиён: гузариш ба низоми 12-солаи таълим барои ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ дорад
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Ахиран Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар мавзуи "Масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсилот, гузариш ба низоми 12-солаи таълим" ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар додааст.
Зимни ҳамоиш муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иброз дошт, ки масъалаҳои баррасишаванда воқеан барои рушди устувори давлат ва ҷомеаи мо аҳамияти калидӣ доранд.
“Соҳаи илму маориф ва танзими арзишҳои маънавию фарҳангӣ, аз ҷумла фаъолияти динӣ ва риояи анъанаҳои миллӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки бевосита ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифат ва сатҳи масъулияти шаҳрвандии насли наврас таъсир мерасонанд”, - гуфт Шоҳиён.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири маорифи Тоҷикистон Раҳим Саидзода гузариш ба таҳсили 12 - соларо амри зарурӣ хонд ва гуфт ин низоми таҳсил раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад.
"Гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Бояд қайд кард, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.
Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид ва баррасии ин масъала ба соли 2023 ба таъхир гузошта шуда буд.