https://sputnik.tj/20260228/muini-guzarish-tahsil-taqozo-zamon-1075618689.html
Муинӣ: Гузариш ба низоми 12 -солаи таҳсил тақозои замон аст
Муинӣ: Гузариш ба низоми 12 -солаи таҳсил тақозои замон аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола баррасӣ шуд
2026-02-28T14:39+0500
2026-02-28T14:39+0500
2026-02-28T14:39+0500
маориф
гузариш ба низоми таҳсили 12-сола
дар тоҷикистон
душанбе
мавсума муинӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0a/1064273679_189:201:1280:815_1920x0_80_0_0_366cf0d70a5f799738bf203394210dfe.jpg
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, гузариш ба низоми 12 -солаи таҳсилро тақозои замон хонд.Ӯ зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзуи "Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо" ин андешаро иброз дошт, хабар медиҳад Маҷлиси намояндагон.Муинӣ зимни баромади хеш зикр намудааст, ки гузариш ба низоми 12 -солаи таълим, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд.Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф, Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод, Академияи илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд. Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно ҳадафи мизи мудаварро зарур донистани ин низом гуфт.Ӯ афзуда, ки Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд. Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 -солаи таълим бояд равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд, таъкид кард Саидвализода.Ёдрас мешваем, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид.
https://sputnik.tj/20250710/tojikiston-nizom-khonish-12-sola-meguzarad-1068784319.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0a/1064273679_283:100:1280:848_1920x0_80_0_0_bcb73c6a97907f779d9e09fee6d46550.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, гузариш ба низоми таҳсили 12-сола, дар тоҷикистон, душанбе, мавсума муинӣ
маориф, гузариш ба низоми таҳсили 12-сола, дар тоҷикистон, душанбе, мавсума муинӣ
Муинӣ: Гузариш ба низоми 12 -солаи таҳсил тақозои замон аст
Дар Душанбе масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Муовини раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ, гузариш ба низоми 12 -солаи таҳсилро тақозои замон хонд.
Ӯ зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзуи "Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо" ин андешаро иброз дошт, хабар медиҳад Маҷлиси намояндагон.
Муинӣ зимни баромади хеш зикр намудааст, ки гузариш ба низоми 12 -солаи таълим, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд.
Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф, Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод, Академияи илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маориф ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно ҳадафи мизи мудаварро зарур донистани ин низом гуфт.
"Гзариш ба таҳсилоти 12 - сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур аст, - гуфт ӯ.
Ӯ афзуда, ки Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд.
Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 -солаи таълим бояд равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд, таъкид кард Саидвализода.
Ёдрас мешваем, ки таҳсили 12-сола дар мактабҳои Тоҷикистон бояд соли 2016 ҷорӣ мешуд.
Пешниҳоди ҷорӣ кардани системаи таҳсилоти миёнаи 12-сола бори аввал аз ҷониби президенти кишвар ҳанӯз дар аввали соли 2010, ҳангоми паёми солона садо дода буд.
Вале, ба далели омода набудани макотиби кишвар ин низом ҷорӣ нагрдид.