https://sputnik.tj/20260409/iiao-huzuri-osiyoi-janubi-gustarish-1076707323.html
ИИАО ҳузури худро дар Осиёи Ҷанубӣ густариш медиҳад
ИИАО ҳузури худро дар Осиёи Ҷанубӣ густариш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Покистон барои бастани созишнома дар бораи тиҷорати озод гурӯҳи масхсус таъсис додаанд
2026-04-09T11:41+0500
2026-04-09T11:41+0500
2026-04-09T11:41+0500
ииао
покистон
ҳамкорӣ
иқтисод
осиё
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1a/1073278042_0:8:1400:796_1920x0_80_0_0_e50da95364ef6270a78014a9d979b202.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Покистон дар мулоқоти Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, бо Ҷам Камал Хон, вазири федеролии тиҷорати Покистон баррасӣ шуд.Ба иттилои дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар музокирот ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва дурнамои амиқсозии шарикӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.Дар мулоқот Андрей Слепнев таъкид кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ муносибатҳояшро фаъолона тақвият медиҳанд.Вай қайд кард, ки Покистон шарики калидӣ дар минтақа ҳисобида мешавад.Пас аз музокирот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди таъсиси як гурӯҳи муштараки тадқиқотиро оғоз кунанд.Вазифаи он омӯзиши имконпазирии бастани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Покистон хоҳад буд.Ҷониби Покистон инчунин ба густариши ҳамкорӣ на танҳо дар тиҷорат, балки дар бахшҳои муҳими стратегӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард."Барои Покистон, амиқтар шудани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё на танҳо имкониятҳои нави тиҷоратӣ, балки шарикии стратегиро дар соҳаҳо ба монанди логистика, энергетика, тиҷорати рақамӣ, саноат ва ҳамгироии занҷираи таъминот низ дар назар дорад", - қайд кард Ҷам Камал Хон.Коршиносон қайд мекунанд, ки созишномаи эҳтимолӣ метавонад як қадами муҳим дар тақвияти робитаҳои иқтисодӣ байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бошад.Покистон бо бозори калон ва мавқеи мусоиди ҷуғрофии худ ҳамчун як макони умедбахш барои густариши содирот ва рушди масирҳои нақлиётӣ ба назар мерасад.
https://sputnik.tj/20260408/iiao-pokiston-sozishnoma-tijorati-ozod-imzo-1076680412.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1a/1073278042_187:0:1399:909_1920x0_80_0_0_b28d4e1dc4be02dae2c22fb6d163bffd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, покистон, ҳамкорӣ, иқтисод, осиё, равобит
ииао, покистон, ҳамкорӣ, иқтисод, осиё, равобит
ИИАО ҳузури худро дар Осиёи Ҷанубӣ густариш медиҳад
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Покистон барои бастани созишнома дар бораи тиҷорати озод гурӯҳи масхсус таъсис додаанд
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Покистон дар мулоқоти Андрей Слепнев, вазири тиҷорати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, бо Ҷам Камал Хон, вазири федеролии тиҷорати Покистон баррасӣ шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар музокирот ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва дурнамои амиқсозии шарикӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.
Дар мулоқот Андрей Слепнев таъкид кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ муносибатҳояшро фаъолона тақвият медиҳанд.
Вай қайд кард, ки Покистон шарики калидӣ дар минтақа ҳисобида мешавад.
"Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои узви он ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Мо Покистонро шарики умедбахш дар минтақа мешуморем: тиҷорат байни кишварҳои мо босуръат афзоиш меёбад", - гуфт Андрей Слепнев.
Пас аз музокирот, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки раванди таъсиси як гурӯҳи муштараки тадқиқотиро оғоз кунанд.
Вазифаи он омӯзиши имконпазирии бастани созишномаи тиҷорати озод байни ИИАО ва Покистон хоҳад буд.
Ҷониби Покистон инчунин ба густариши ҳамкорӣ на танҳо дар тиҷорат, балки дар бахшҳои муҳими стратегӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кард.
"Барои Покистон, амиқтар шудани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё на танҳо имкониятҳои нави тиҷоратӣ, балки шарикии стратегиро дар соҳаҳо ба монанди логистика, энергетика, тиҷорати рақамӣ, саноат ва ҳамгироии занҷираи таъминот низ дар назар дорад", - қайд кард Ҷам Камал Хон.
Коршиносон қайд мекунанд, ки созишномаи эҳтимолӣ метавонад як қадами муҳим дар тақвияти робитаҳои иқтисодӣ байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ бошад.
Покистон бо бозори калон ва мавқеи мусоиди ҷуғрофии худ ҳамчун як макони умедбахш барои густариши содирот ва рушди масирҳои нақлиётӣ ба назар мерасад.