https://sputnik.tj/20260411/tojikiston-yakhdon-konditsioner-istehsol-1076759811.html
Дар Тоҷикистон яхдонҳову кондитсионерҳо истеҳсол мешавад
Дар Тоҷикистон яхдонҳову кондитсионерҳо истеҳсол мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон истеҳсоли яхдонҳо то 100 ҳазор адад ва истеҳсоли кондитсионерҳо то 50 ҳазор адад пешбинӣ гардидааст
2026-04-11T10:21+0500
2026-04-11T10:21+0500
2026-04-11T10:21+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргоҳ
узбекистон
сохтмон
истеҳсол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0a/1076759387_0:504:2744:2048_1920x0_80_0_0_14134a608f07ad8e0f5361fa41aa9130.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Созишномаи иловагӣ сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати "Авесто Гурӯҳ" ва ширкати "Artel Engineering and Management"-и Узбекистон ба имзо расид.Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.Қаблан созишномаи сармоягузорӣ дар бораи сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии "Artel Avesto Electronics" дар шаҳри Душанбе 12 декабри соли 2019 ба имзо расонида шуда буд.Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ лоиҳа се марҳиларо дар бар мегирад.Дар марҳилаи якуми лоиҳа соли 2019 иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ба 70 ҳазор техникаи маишӣ расонида шуда, дар марҳилаи дуюм дар соли 2021 60 ҳазор мошинаи ҷомашӯӣ ва 10 ҳазор телевизор истеҳсол гардида, иқтидори истеҳсолӣ то 140 ҳазор афзоиш ёфт.Марҳилаи сеюми лоиҳа солҳои 2026–2028-ро дар бар мегирад. Дар доираи он тавсеаи истеҳсоли яхдонҳо то 100 ҳазор адад ва истеҳсоли кондитсионерҳо то 50 ҳазор адад пешбинӣ гардидааст.Инчунин ба иттилои манбаъ, бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.Қайд карда шудааст, ки иқтидори умумии истеҳсоли солонаи корхона то ба 300 ҳазор техника расонида мешавад.Татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолоти ватанӣ, локализатсияи раванди истеҳсолот, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки ашёи хоми дохилӣ мусоидат мекунад.Он ҳамзамон барои ташаккули занҷираи арзиши иловашуда ва пешбурди саноатикунонии босуръати мамлакат замина фароҳам меорад.
https://sputnik.tj/20260330/suporishho-rahmon-mushkilot-rushdi-sanoat-kishvoarzi-sugd-1076458952.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/0a/1076759387_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_73d90a26a79554a438647b411a023529.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, саноат, коргоҳ, узбекистон, сохтмон, истеҳсол
дар тоҷикистон, саноат, коргоҳ, узбекистон, сохтмон, истеҳсол
Дар Тоҷикистон яхдонҳову кондитсионерҳо истеҳсол мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли яхдонҳо то 100 ҳазор адад ва истеҳсоли кондитсионерҳо то 50 ҳазор адад пешбинӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Созишномаи иловагӣ сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати "Авесто Гурӯҳ" ва ширкати "Artel Engineering and Management"-и Узбекистон ба имзо расид.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Қаблан созишномаи сармоягузорӣ дар бораи сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии "Artel Avesto Electronics" дар шаҳри Душанбе 12 декабри соли 2019 ба имзо расонида шуда буд.
Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ лоиҳа се марҳиларо дар бар мегирад.
Дар марҳилаи якуми лоиҳа соли 2019 иқтидори истеҳсолии солонаи корхона ба 70 ҳазор техникаи маишӣ расонида шуда, дар марҳилаи дуюм дар соли 2021 60 ҳазор мошинаи ҷомашӯӣ ва 10 ҳазор телевизор истеҳсол гардида, иқтидори истеҳсолӣ то 140 ҳазор афзоиш ёфт.
Марҳилаи сеюми лоиҳа солҳои 2026–2028-ро дар бар мегирад. Дар доираи он тавсеаи истеҳсоли яхдонҳо то 100 ҳазор адад ва истеҳсоли кондитсионерҳо то 50 ҳазор адад пешбинӣ гардидааст.
Инчунин ба иттилои манбаъ, бунёди корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
Қайд карда шудааст, ки иқтидори умумии истеҳсоли солонаи корхона то ба 300 ҳазор техника расонида мешавад.
Татбиқи лоиҳа ба таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолоти ватанӣ, локализатсияи раванди истеҳсолот, ғанигардонии буҷети давлатӣ ва истифодаи самараноки ашёи хоми дохилӣ мусоидат мекунад.
Он ҳамзамон барои ташаккули занҷираи арзиши иловашуда ва пешбурди саноатикунонии босуръати мамлакат замина фароҳам меорад.