https://sputnik.tj/20260411/harakati-qatorahoi-dushanbe-maskavr-barqaror-1076760883.html
Ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Маскав барқарор мешавад?
Ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Маскав барқарор мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Русия эълон карданд, ки мехоҳанд ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Маскавро барқарор намоянд
2026-04-11T15:23+0500
2026-04-11T15:23+0500
2026-04-11T17:35+0500
дар тоҷикистон
роҳи оҳан
қатора
ҳаракат
маскав
душанбе
русия
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_0:15:1280:735_1920x0_80_0_0_ba50b2658accbfbd6a72175f029e64f7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо ҳамтои русаш Дмитрий Зверев дар Маскав имконияти аз нав оғоз кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Маскавро баррасӣ кард.Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Қаблан ҳаракати қатораи мусофирбари Маскав-Душанбе, ки шаҳрҳои Волгоград, Астрахани Русия, Қазоқистони ғарбӣ ва шаҳри Термизи Узбекистонро убур мекард, соли 2012 қатъ шуд.Он замон қатъи ҳаракат ба нокифоя будани мусофирон рабт дода шуда буд.Тибқи иттилои хадамоти матбуот, дар рафти музокирот раванди мусбати афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон байни ду кишвар баррасӣ шудХусусан тарафҳо дар бораи имтиёзҳои таруфавӣ ва меъёри муқарраршудаи тахфиф барои маҳсулоти аз Тоҷикистон ба Русия содиротшуда таъкид гуфтугӯ карданд."Ҷонибҳо инчунин мубодилаи устувори солонаи иҷозатномаҳои воситаҳои нақлиётро барои интиқоли молҳо аз кишварҳои сеюм қайд карданд, имконияти таъсиси долонҳои нави нақлиётиро барои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва татбиқи технологияи мӯҳри навигатсионӣ дар нақлиёти роҳ байни кишварҳоро низ баррасӣ карданд", - хабар дод хадамоти матбуот.Ғайр аз ин, Тоҷикистон имконияти харидории таҷҳизот барои роҳи оҳан аз Русия тавассути лизингро, баррасӣ намуданд.Аз ҷумла Тоҷикистон мехоҳад аз Русия қатораҳои боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва махсус, инчунин таҷҳизот ва асбобҳои заруриро барои нигоҳдории онҳо харидорӣ намояд.Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот ба таҳияи масирҳои алтернативӣ ва бартараф кардани монеаҳои мавҷудаи зерсохторӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.“Тарафҳо таъсиси ҳаракати мунтазами автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд", - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
https://sputnik.tj/20250813/eron-tojikiston-aloqai-rohi-ohan-1069929767.html
маскав
душанбе
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102665/02/1026650209_147:0:1280:850_1920x0_80_0_0_7a74cf19de0e586f7d151895d05ed88f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, роҳи оҳан, қатора, ҳаракат, маскав, душанбе, русия, нақлиёт
дар тоҷикистон, роҳи оҳан, қатора, ҳаракат, маскав, душанбе, русия, нақлиёт
Ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Маскав барқарор мешавад?
15:23 11.04.2026 (Навсозишуда: 17:35 11.04.2026) Мақомоти Тоҷикистону Русия эълон карданд, ки мехоҳанд ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Маскавро барқарор намоянд
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо ҳамтои русаш Дмитрий Зверев дар Маскав имконияти аз нав оғоз кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбар аз Душанбе ба Маскавро баррасӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Қаблан ҳаракати қатораи мусофирбари Маскав-Душанбе, ки шаҳрҳои Волгоград, Астрахани Русия, Қазоқистони ғарбӣ ва шаҳри Термизи Узбекистонро убур мекард, соли 2012 қатъ шуд.
Он замон қатъи ҳаракат ба нокифоя будани мусофирон рабт дода шуда буд.
"Имконияти барқарор кардани ҳаракати қатораҳои мусофирбар байни Душанбе ва Маскав зимни мулоқоти муовинони вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Русия Шоиста Саидмуродзода ва Дмитрий Зверев баррасӣ шуд. Тарафҳо ба иштироки ширкатҳои русӣ дар лоиҳаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳ зоҳир карданд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Тибқи иттилои хадамоти матбуот, дар рафти музокирот раванди мусбати афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон байни ду кишвар баррасӣ шуд
Хусусан тарафҳо дар бораи имтиёзҳои таруфавӣ ва меъёри муқарраршудаи тахфиф барои маҳсулоти аз Тоҷикистон ба Русия содиротшуда таъкид гуфтугӯ карданд.
"Ҷонибҳо инчунин мубодилаи устувори солонаи иҷозатномаҳои воситаҳои нақлиётро барои интиқоли молҳо аз кишварҳои сеюм қайд карданд, имконияти таъсиси долонҳои нави нақлиётиро барои афзоиши ҳаҷми боркашонӣ ва татбиқи технологияи мӯҳри навигатсионӣ дар нақлиёти роҳ байни кишварҳоро низ баррасӣ карданд", - хабар дод хадамоти матбуот.
Ғайр аз ин, Тоҷикистон имконияти харидории таҷҳизот барои роҳи оҳан аз Русия тавассути лизингро, баррасӣ намуданд.
Аз ҷумла Тоҷикистон мехоҳад аз Русия қатораҳои боркашонӣ, мусофиркашонӣ ва махсус, инчунин таҷҳизот ва асбобҳои заруриро барои нигоҳдории онҳо харидорӣ намояд.
Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот ба таҳияи масирҳои алтернативӣ ва бартараф кардани монеаҳои мавҷудаи зерсохторӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
“Тарафҳо таъсиси ҳаракати мунтазами автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русияро баррасӣ карданд", - қайд кардааст вазорати нақлиёт.