https://sputnik.tj/20250813/eron-tojikiston-aloqai-rohi-ohan-1069929767.html
Эрон мехоҳад бо Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳан дошта бошад
Эрон мехоҳад бо Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳан дошта бошад
Sputnik Тоҷикистон
Эрон талош дорад робитаҳои нақлиётиашро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад ва бо ин кишварҳо роҳҳои оҳанашро бипайвандад
2025-08-13T10:49+0500
2025-08-13T10:49+0500
2025-08-13T10:49+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳи оҳан
эрон
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065287246_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_0f01b12e38749a92210d6d4c52b34192.jpg
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Теҳрон барои ташкили сафарҳо бо роҳи оҳан ба шаҳрҳои Марв (Туркманистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) Талош дорад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.Тавре мудири кулли ширкати "Роҳи оҳани Эрон" (RAI) Ҷаббор Алӣ Зокирӣ хабар додааст, ин иқдом метавонад робитаҳои Эронро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад.Ба гуфтаи вай, хатсайрҳои нав як қисми стратегияи миллии Эрон барои навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд.Гуфта нашудааст, ки алоқаи роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кай ба кор оғоз хоҳад кард.Ҷаббор Алӣ Зокирӣ ҳамчунин эълон кард, ки сохтмони ду хати нави роҳи оҳан, ки Эронро бо Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, ба зудӣ оғоз хоҳад ефт.Яке аз хатсайрҳои нав Теҳронро бо Анқара мепайвандад ва дар давоми ду моҳи оянда ба кор медарояд. Масири дуюм, Теҳрон – Ҳирот, то охири моҳи оянда ба кор шурӯъ мекунад.Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистону Эрон алоқаи мустақими ҳавоӣ фаъол аст.Ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Varesh Airline" парвозҳоро байни Душанбе ва Теҳрон анҷом медиҳанд.Ҳавопоймоҳои ширкати Эрон инчунин дар масири "Машҳад – Душанбе – Машҳад" низ парвоз мекунанд.
https://sputnik.tj/20250614/tojikiston-eron-hamkoriho-gustarish-dihand-1068130027.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1b/1065287246_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_dfb601216321020d15d8cf66b112208d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, тоҷикистон, роҳи оҳан, нақлиёт, осиёи марказӣ, робита, ҳамкорӣ
эрон, тоҷикистон, роҳи оҳан, нақлиёт, осиёи марказӣ, робита, ҳамкорӣ
Эрон мехоҳад бо Тоҷикистон алоқаи роҳи оҳан дошта бошад
Эрон талош дорад робитаҳои нақлиётиашро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад ва бо ин кишварҳо роҳҳои оҳанашро бипайвандад
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Теҳрон барои ташкили сафарҳо бо роҳи оҳан ба шаҳрҳои Марв (Туркманистон) ва Душанбе (Тоҷикистон) Талош дорад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.
Тавре мудири кулли ширкати "Роҳи оҳани Эрон" (RAI) Ҷаббор Алӣ Зокирӣ хабар додааст, ин иқдом метавонад робитаҳои Эронро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ тақвият бахшад.
Ба гуфтаи вай, хатсайрҳои нав як қисми стратегияи миллии Эрон барои навсозии инфрасохтори нақлиётӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ мебошанд.
Гуфта нашудааст, ки алоқаи роҳи оҳан бо кишварҳои Осиёи Марказӣ кай ба кор оғоз хоҳад кард.
Ҷаббор Алӣ Зокирӣ ҳамчунин эълон кард, ки сохтмони ду хати нави роҳи оҳан, ки Эронро бо Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, ба зудӣ оғоз хоҳад ефт.
Яке аз хатсайрҳои нав Теҳронро бо Анқара мепайвандад ва дар давоми ду моҳи оянда ба кор медарояд. Масири дуюм, Теҳрон – Ҳирот, то охири моҳи оянда ба кор шурӯъ мекунад.
Бояд қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир байни Тоҷикистону Эрон алоқаи мустақими ҳавоӣ фаъол аст.
Ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Varesh Airline" парвозҳоро байни Душанбе ва Теҳрон анҷом медиҳанд.
Ҳавопоймоҳои ширкати Эрон инчунин дар масири "Машҳад – Душанбе – Машҳад" низ парвоз мекунанд.