https://sputnik.tj/20260411/emomali-rahmon-prezident-vyetnam-tabrikoti-1076765445.html
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Вйетнам барқияи табрикотӣ ирсол кард
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Вйетнам барқияи табрикотӣ ирсол кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд
2026-04-11T12:49+0500
2026-04-11T12:49+0500
2026-04-11T13:01+0500
дар тоҷикистон
ветнам
президент
барқияи табрикотӣ
номаи шодбошӣ
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/13/1076170451_0:5:2047:1156_1920x0_80_0_0_2a0d49ddee24e1ecaba14a29b99b6782.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба gрезиденти Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.Дар номааш кишвардор ҳамтояшро ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси президент муборакбод гуфтааст."Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ дастгирии васеи ҷомеаро аз сиёсату ташаббусҳои стратегии Шумо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваратон нигаронида шудаанд, боз ҳам тасдиқ мекунад", - омадааст дар барқияи шодбошӣ.Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти роҳбарии ин президент, Вйетнам дар роҳи рушди устувор дар оянда низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид.Аз муносиботи Тоҷикистону Вйетнам ёдовар шуда, Раҳмон гуфтааст, ки ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд.Дар ин росто президенти Тоҷикистон гуфт, омода аст ҷиҳати пешбурди ин раванд, аз ҷумла тавассути муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ ин муносиботро идома диҳанд.
https://sputnik.tj/20260303/tijorat-iiao-vetnam-afzoish-1075727395.html
ветнам
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/13/1076170451_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_6b7c61b2ed37e6f8e39164e921cccb27.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ветнам, президент, барқияи табрикотӣ, номаи шодбошӣ, рустами эмомалӣ
дар тоҷикистон, ветнам, президент, барқияи табрикотӣ, номаи шодбошӣ, рустами эмомалӣ
Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Вйетнам барқияи табрикотӣ ирсол кард
12:49 11.04.2026 (Навсозишуда: 13:01 11.04.2026) Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд
ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба gрезиденти Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Дар номааш кишвардор ҳамтояшро ба муносибати интихоб шуданатон ба ҳайси президент муборакбод гуфтааст.
"Интихоби Шумо ба ин маснади олӣ дастгирии васеи ҷомеаро аз сиёсату ташаббусҳои стратегии Шумо, ки ба рушди ҳамаҷонибаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии кишваратон нигаронида шудаанд, боз ҳам тасдиқ мекунад", - омадааст дар барқияи шодбошӣ.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти роҳбарии ин президент, Вйетнам дар роҳи рушди устувор дар оянда низ ба дастовардҳои чашмрас ноил гардида, мақому манзалати худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким хоҳад бахшид.
Аз муносиботи Тоҷикистону Вйетнам ёдовар шуда, Раҳмон гуфтааст, ки ду кишварро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамкории судманд дар қолабҳои гуногун ба ҳам мепайванданд.
"Мо ҷонибдори таҳкиму тавсеаи шарикӣ ва робитаҳои байнидавлатии ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошем ва аз дурнамои он хушбин ҳастем", - гуфтааст раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ин росто президенти Тоҷикистон гуфт, омода аст ҷиҳати пешбурди ин раванд, аз ҷумла тавассути муколамаи созандаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ ин муносиботро идома диҳанд.