Тиҷорат байни кишварҳои ИИАО ва Ветнам дар тӯли 10 сол 60% афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Виталий АньковКонтейнерная площадка на территории мультимодального транспортно-логистического центра "Артем" в Приморском крае.
Контейнерная площадка на территории мультимодального транспортно-логистического центра Артем в Приморском крае.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2026
Обуна шудан
Равобити иқтисодии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Ветнам дар давоми 10 сол ба таври назаррас рушд кардааст
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО), ҳаҷми тиҷорати мутақобила байни кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Ветнам дар соли 2025 ба 8,3 миллиард доллар баробар шуд.
Бояд қайд кард, ки созишномаи тиҷорати озод байни Ветнам ва ИИАО 10 сол боз амал мекунад.
Тибқи иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, дар ин давра — аз соли 2016 то 2024 — гардиши тиҷорат байни кишварҳои "Панҷгонаи АвруОсиё" ва Ветнам беш аз 60% афзоиш ёфта, аз 4,3 миллиард доллар ба 6,8 миллиард доллар расид.
Дар соли 2025, тиҷорати мутақобила ба рушди худ идома дода, ба 8,3 миллиард доллар расид.
Экономический рост - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2026
КИАО: Дар ду соли оянда афзоиши иқтисоди ИИАО 2,5% рушд хоҳад кард
Дар ҷараёни мулоқот натиҷаҳо ва дурнамои ҳамкории кишварҳои Иттиҳодияииқтисодии АвруОсиё ва Ветнам тибқи Созишномаи тиҷорати озод, ки 10 сол пеш эътибор пайдо кард, баррасӣ шуданд.
"Ветнам аввалин кишваре шуд, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо он созишномаи тиҷорати озодро имзо кард. Манфиатгирандагони асосии Созишнома бояд ширкатҳои ба содирот нигаронидашуда ва корхонаҳои хурду миёнаи кишварҳои мо бошанд. Муҳим аст, ки имконоти ин ҳуҷҷат пурра истифода шавад", - қайд кард раиси Шӯрои Комиссияи иқтисодии АвруОсиёӣ Бакитҷон Сагинтаев.
Лентаи хабарҳо
0