Раиси Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар сохтори ИДМ вазифаи нав гирифт

© Foto / Агентство гражданской авиации при Правительстве Республики ТаджикистанЗаседание Совета Межгосударственного авиационного комитета в Республике Таджикистан.
Заседание Совета Межгосударственного авиационного комитета в Республике Таджикистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2026
Обуна шудан
Бори нахуст намояндаи Тоҷикистон раиси Шӯро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид
ДУШАНБЕ, 10 апр - Sputnik. Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло тибқи қарори Шӯрои Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК/КБА) ба муҳлати 3 сол оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.
Дар ин бора Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ Назарзода Ҳабибуллоро ба ин вазифва роҳбарони аввали авиатсияи гражданӣ ва муовинони вазирони нақлиёти давлатҳои узви ИДМ аз қабили Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон, Белоруссия, Узбекистон, Тоҷикистон ва Русия, ки барои иштирок дар Шӯрои 48-уми Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ дар Душанбе ҳузур доштанд, таъйин намуданд.
Қайд карда шудааст, ки Назарзода Ҳабибулло раисиро дар Шӯро роҳбарӣ менамояд.
Қайд карда шудааст, ки Шӯрои 48-уми Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ дар Душанбе бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла бехатарии парвозҳо, сиёсат дар соҳаи нақлиёти ҳавоии байналмилалӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ, ҷорӣ намудани санадҳои меъёрии байнидавлатии мувофиқашуда, стандартҳои байналмилалӣ ва қоидаҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баргузор гардид.
9-я Региональная встреча глав пограничных служб государств-членов СНГ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2026
Дар Суғд таъмини вазъи устувор дар сарҳадҳои берунии ИДМ баррасӣ шуд
Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ(МАК/КБА) мақоми доимоамалкунанда буда, барои амалисозии Созишнома дар бораи авиатсияи гражданӣ ва истифодаи фазои ҳавоӣ аз соли 1991 таъсис дода шуда, масъул мебошад.
Манбаъ қайд кардааст, ки ин чорабинӣ мақоми Тоҷикистонро дар арсаи авиатсияи байналмилалӣ тақвият бахшида, имкон медиҳад, ки таҷрибаи кишвар дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ ва инфрасохтори фурудгоҳҳо ва зиёд гардидани хатсайрҳо заминаи мусоиди фароҳам гузорад.
Лентаи хабарҳо
0