ИИАО ва Покистон мехоҳан созишнома дар бораи тиҷорати озодро ба имзо мерасоанд

© Sputnik Флаг Исламской Республики Пакистан.
Флаг Исламской Республики Пакистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2026
Обуна шудан
Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳамкориҳои байналмилалиашро тақвият мебахшад ва мехоҳад бо Покистон созишнома дар бораи тиҷорати озод ба имзо расонад
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Тибқи изҳороте, ки дар сомонаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) нашр шудааст, Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки раванди таъсиси гурӯҳи муштараки таҳқиқоти барои баррасии имконпазирии бастани созишнома дар бораи тиҷорати озодро оғоз кунанд.
Ин мавзӯъ зимни мулоқоти вазири тиҷорати ИИАО Андрей Слепнев ва вазири федеролии тиҷорати Покистон Ҷам Камал Хон баррасӣ шуд.
"Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои узви он ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд. Мо Покистонро шарики умедбахш дар минтақа мешуморем: тиҷорат байни кишварҳои мо босуръат рушд мекунад ва имкониятҳои назарраси густариш дорад",- гуфт Слепнев.
Вазири тиҷорати Покистон дар навбати худ таъкид кард, ки барои кишвараш тақвияти ҳамкорӣ бо ИИАО на танҳо имкониятҳои нави тиҷоратӣ, балки шарикии стратегиро дар соҳаҳо ба монанди логистика, энергетика, тиҷорати рақамӣ, саноат ва ҳамгироии занҷираи таъминот низ фароҳам меорад.
Денежные купюры Банка России и китайских юаней.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2026
Дар ИДМ, ИИАО ҷараёни гузариш ба асъорҳои миллӣ дар тиҷорат ба анҷом расид
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0