Тоҷикистониҳоро бо фиреб барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистон бурда сарсон кардаанд

© AP / Ministry of MediaПаломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка.
Паломники гуляют вокруг Каббы в Большой мечети в городе Мекка.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2026
Обуна шудан
Гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз дасти қаллобон фиреб хурдаанд имрӯз аз мақомоти кишвар барои баргаштан аз Арабистони Саудӣ ба Ватан кумак мехоҳанд
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон хабар додааст, ки афроди алоҳидае барои ба даст овардани манфиати молӣ гурӯҳе аз шаҳрвандонро бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бурдаву сарсон кардаанд.
“Айни замон ин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва Сафорати кишвар дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барои баргаштан ба Ватан кумак мехоҳанд”, - қайд кардааст Кумитаи дин.
Имн ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки ин афрод бо таҳияи бейҷикҳои тақаллубӣ шаҳрвандонро бовар кунонидаанд, ки барои адои маросими ҳаҷи фарзӣ ба онҳо кумак менамоянд.
“Дар ҳоле, ки бейҷикҳо аслан қувваи ҳуқуқӣ надошта, ҳеҷ гуна кафолати будубоши қонунӣ дар мавсими ҳаҷро дода наметавонанд”, - таъкид кардааст Кумита.
Зикр гардидааст, ки адои маносики ҳаҷҷи фарзӣ танҳо дар асоси тартиботи расмии муайяншуда ва тавассути сохторҳои ваколатдори давлатӣ имконпазир мебошад.
Мусульманский паломник кормит голубей возле Большой мечети во время ежегодного паломничества хадж в Мекку, Саудовская Аравия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
“Ҳама омода, аммо оё ҳаҷ мешавад?” – шарҳи Кумита
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ба ваъдаи бардурӯғи шахсони манфиатхоҳ бовар накунанд, зеро тибқи талаботи Вазорати ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳлати барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои зоирони мавсими имсолаи ҳаҷ кайҳо анҷом ёфтааст ва пас аз ин ҳеҷ ширкати сайёҳӣ ё афроди миёнарав имкони таҳияи асноди заруриро надоранд.
“Ҳама гуна кӯшиши адои ҳаҷ бо роҳҳои ғайрирасмӣ метавонад пайомадҳои сангин дошта бошад”, - қайд кардааст ин ниҳоди давлатӣ.
Кумита аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо чунин ҳолатҳо бамутахассисони ин ниҳод тамос бигниранд.
Лентаи хабарҳо
0