Мақомоти Хатлон мехоҳанд аз "анъанаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ" пешгирӣ кунанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПаломники в Мекке.
Паломники в Мекке.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2026
Обуна шудан
Мақомоти Хатлон ба роҳбаладон дастур додаанд, ки бо нафароне, ки барои адои ҳаҷҷи фарзӣ номнавис шудаанд, вохӯриҳо баргузор намоянд
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Мақомоти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин танзими ва ҷашну маросими Тоҷикистон бо роҳбаладони вилояти Хатлон дар бораи мавсими ҳаҷҷи фарзии соли 2026 суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ин бора мақомоти вилояти Хатлон хабар додааст.
Мақомоти хатлон қайд кардааст, ки вохӯрӣ бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 13-и Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" доир гардид.
© Foto / Пресс-служба администрации Хатлонской областиОбсуждение Хаджа 2026 года с гидами Хатлонской области .
Обсуждение Хаджа 2026 года с гидами Хатлонской области . - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2026
Зимни дидор мақомот ба роҳбаладон дастуру супоришҳои додааст, ки роҳбаладон то оғози сафари ҳаҷҷи фарзӣ бо шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки барои адои ҳаҷҷи фарзӣ номнавис шудаанд, вохӯриҳо баргузор намоянд.
Мақомот аз роҳбаладон хостааст, ки онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз анъанаҳои нолозим, аз қабили ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ тақвият бахшанд.
Бо зиёдтар шудани теъдоди зойирони тоҷик, ингуна маъракаҳо дар Тоҷикистон ҳам бештар шудааст, агарчӣ бар асоси қонун ҳоҷизиёрату зиёфатҳои бошукӯҳ манъ аст.
Мусульманский паломник кормит голубей возле Большой мечети во время ежегодного паломничества хадж в Мекку, Саудовская Аравия. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
“Ҳама омода, аммо оё ҳаҷ мешавад?” – шарҳи Кумита
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки тибқи моддаи 13-уми қонуни танзим ташкили маъракаҳои Ҳоҷиталбон, Ҳоҷизиёрат ва Ҳоҷиоширо манъ ва барои вайрон кардани ин банди қонун ҷарима пешбинӣ кардааст
Мақомоти Хатлон таъкид кардааст, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи талаботи қонунгузории амалкунанда дар ҷомеа мебошад.
Лентаи хабарҳо
0