https://sputnik.tj/20260407/idm-iiao-guzarish-asorhoi-milli-tijorat-1076653681.html
Дар ИДМ, ИИАО ҷараёни гузариш ба асъорҳои миллӣ дар тиҷорат ба анҷом расид
Дар ИДМ, ИИАО ҷараёни гузариш ба асъорҳои миллӣ дар тиҷорат ба анҷом расид
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) 93% додугирфт бо асъори милла сурат мегирад
2026-04-07T12:43+0500
2026-04-07T12:43+0500
2026-04-07T12:43+0500
ииао
авруосиё
бонк
ҳисоббаробаркунӣ
идм
иқтисод
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/06/1076653901_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_bb896fc0192bf9dceb7ce6f14a8627a2.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук гуфт, ки ҷараёни гузариши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар тиҷорат бо кишварҳои ИДМ, Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Чин ба анҷом расид ."Муҳимтарин самт таъсиси низоми пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ мебошад, ки вобастагиро аз бонкҳои Ғарб ва асъори онҳо кам кунад. Дар тӯли чор соли охир мо ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ гузаштем", - таъкид кард Алексей Оверчук.Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир 91% ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар дохили ИДМ бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд;Ҳамчунин дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) 93% додугирфт бо асъори милла сурат мегирад.Дар тиҷорати мутақобилаи Русия бо Чин ин рақам ба 95%расидааст.Ба гуфтаи муовини сарвазир, ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки гузариш ба асъори миллӣ қариб пурра ба анҷом расидааст.Ин ба кишварҳои узв имкон медиҳад, ки вобастагии худро аз бонкҳои Ғарб кам кунанд ва системаи ҳисоббаробаркунии устувортарро таъсис диҳанд.Алексей Оверчук дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки дар он самтҳои калидии ҳамгироии иқтисодӣ, аз ҷумла рушди системаҳои пардохт ва ҳамкории молиявӣ, анъанавӣ баррасӣ мешаванд, изҳори назар кард.
https://sputnik.tj/20260405/muzdi-mehnat-iiao-tojikiston-bolo-1076620758.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/06/1076653901_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_bed6de95d16c3672129c02afe350d98c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, бонк, ҳисоббаробаркунӣ, идм, иқтисод, ҳамкорӣ
ииао, авруосиё, бонк, ҳисоббаробаркунӣ, идм, иқтисод, ҳамкорӣ
Дар ИДМ, ИИАО ҷараёни гузариш ба асъорҳои миллӣ дар тиҷорат ба анҷом расид
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) 93% додугирфт бо асъори милла сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук гуфт, ки ҷараёни гузариши ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ дар тиҷорат бо кишварҳои ИДМ, Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Чин ба анҷом расид .
"Муҳимтарин самт таъсиси низоми пардохт ва ҳисоббаробаркунӣ мебошад, ки вобастагиро аз бонкҳои Ғарб ва асъори онҳо кам кунад. Дар тӯли чор соли охир мо ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллӣ гузаштем", - таъкид кард Алексей Оверчук.
Вай афзуд, ки дар ҳоли ҳозир 91% ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила дар дохили ИДМ бо асъори миллӣ анҷом дода мешаванд;
Ҳамчунин дар дохили Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) 93% додугирфт бо асъори милла сурат мегирад.
Дар тиҷорати мутақобилаи Русия бо Чин ин рақам ба 95%расидааст.
Ба гуфтаи муовини сарвазир, ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки гузариш ба асъори миллӣ қариб пурра ба анҷом расидааст.
Ин ба кишварҳои узв имкон медиҳад, ки вобастагии худро аз бонкҳои Ғарб кам кунанд ва системаи ҳисоббаробаркунии устувортарро таъсис диҳанд.
Алексей Оверчук дар ин бора дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, ки дар он самтҳои калидии ҳамгироии иқтисодӣ, аз ҷумла рушди системаҳои пардохт ва ҳамкории молиявӣ, анъанавӣ баррасӣ мешаванд, изҳори назар кард.