https://sputnik.tj/20260407/tojikon-navruzi-maskav-kontinent-ba-ham-1076646088.html
Аз Африқо то Аврупою Осиё: тоҷикон дар наврузии Маскав континентҳоро ба ҳам пайвастанд
Аз Африқо то Аврупою Осиё: тоҷикон дар наврузии Маскав континентҳоро ба ҳам пайвастанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳолу ҳавои Live Аренаи Маскав рӯзи 5 апрел аз фарҳангдӯстию фарҳангпарварии халқи тоҷик қисса мекард
2026-04-07T15:31+0500
2026-04-07T15:31+0500
2026-04-07T15:51+0500
маскав
консерт
tajikistan style
консерт
шабнами сурайё
ҷонибек муродов
парвиз назаров
наврӯз
рамзҳои наврӯзӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/07/1076671896_141:1250:1915:2248_1920x0_80_0_0_38367f56edc5de289e559a58b69c5795.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Дар бузургтарин толори консертии пойтахти Русия Live Арена наврӯзии тоҷикона бо ширкати ситораҳои эстрадаи тоҷик: Парвиз Назаров Ҷонибек Муродов ва Шабнами Сурайё баргузор шуд.Дар миёни тамошобинон на танҳо тоҷикон балки намояндагони халқу миллатҳои гуногун аз Чин то Африқо ширкат доштанд. Консерт бо "расми хуби тоҷикон" - дафзанию сурнаю карнай ва рақси зебои ансамбл оғоз шуд. Толорро ҳунарнамоии сарояндаи ҷавон Фахриддин Ҳакимов ва гурӯҳи Лаъл бо овозхон - Муборакшо Додалиев бо сурудҳои рақсӣ гарм карда, ансамбли байналмилалии "Sparty band", ки аз намояндагони халқҳои гуногун иборатанд ва махсус барои ин консерт забони ттоҷикиро аз худ кардаанд, суруди машҳури "Эй санам"-ро пешкаши ҳаводорон намуданд.Барномаи асосӣ бо ҳунарнамоии Парвиз Назаров ҳамроҳи духтараш Гесу оғоз шуд. Назаров бо иҷрои суруди ҷадидаш "Гиряи замин" мардумро ба муносибати боинсофона ба ҳамдигару табиат даъват кард.Парвиз бо суруди машҳури худ "Крестная мать", ҳамаро гирёнд, вале бо "Чарх бизан" боз мардумро ба пойкӯбия дастфишонӣ даровад.Ҷонибек Муродов сараввал ба муҳоҷирони Русия саломи гарми ҳунарманди номдори Тоҷикистон - падарашон Ҷӯрабек Муродовро расонида бо суруди "Ман тоҷикам" ҳамаи муҳоҷиронро ба ёди ватан бурд. Зери ин наво беш аз 10 ҳазор нафар бо Ҷонибек Муродов ҳамовоз шуданд.Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё аз сатҳи баргузории ин консерт тавсиф карда гуфт, ки бо дилу ҷон ба дидори тоҷикони бурунмарзӣ омадааст.Ӯ бо чакани зебои хатлонӣ дар саҳнаи Live Арена як базми наврузии бадахшонӣ барпо карда кулли ҳаводоронашро ба по хезонд. Аз хурду бузург ҳама дар ҳавои оҳанги "Дил дилум" -и Шабнам ба рақс даромада Наврӯзи ватанро таҷлил карданд.Имкониятҳои беназири техникии толори консертӣ аз қабили рӯшноипардозӣ ва коргардонии овоз аз сатҳи баланди ташкилотии ин барнома дарак медод.Дар баробари ин қабл аз барномаи консертӣ баргузории нишасти хабарӣ дар назар буд, ки ба гуфтаи баргузоркунандагон ба сабаҳои техникӣ лағв шуд.Ба гуфтаи баргузоркунандаи консерт Аслишо Акимбеков дар ин барномаи фарҳангӣ беш 8 нафар ширкат кард ва ӯ нақша дорад, соли оянда ин рақамро ба 10 ҳазор расонад.Фазои Live Арена рӯзи 5 апрел дар воқеъ аз рисолати бузурги мусиқӣ ба ҳам овардани халқу миллатҳои гуногун дарак дод
https://sputnik.tj/20260314/kompozitor-tojik-jahoni-maskav-konsert-tolibkhon-shahidi-1076031560.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/07/1076671896_0:881:2048:2417_1920x0_80_0_0_b89273c332086d704637097401b79f54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав, консерт, tajikistan style, консерт, шабнами сурайё, ҷонибек муродов, парвиз назаров, наврӯз, рамзҳои наврӯзӣ, дар русия
маскав, консерт, tajikistan style, консерт, шабнами сурайё, ҷонибек муродов, парвиз назаров, наврӯз, рамзҳои наврӯзӣ, дар русия
Аз Африқо то Аврупою Осиё: тоҷикон дар наврузии Маскав континентҳоро ба ҳам пайвастанд
15:31 07.04.2026 (Навсозишуда: 15:51 07.04.2026) Эксклюзив
Ҳолу ҳавои Live Аренаи Маскав рӯзи 5 апрел аз фарҳангдӯстию фарҳангпарварии халқи тоҷик қисса мекард
ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Дар бузургтарин толори консертии пойтахти Русия Live Арена наврӯзии тоҷикона бо ширкати ситораҳои эстрадаи тоҷик: Парвиз Назаров Ҷонибек Муродов ва Шабнами Сурайё баргузор шуд.
Дар миёни тамошобинон на танҳо тоҷикон балки намояндагони халқу миллатҳои гуногун аз Чин то Африқо ширкат доштанд.
"Дар байни тамошобинон шаҳрвандони Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Туркманистон, Туркия, Озарбойҷон ва кишварҳои Халиҷи Форс буданд, ки Наврӯзро ҳамчун Соли нав ҷашн мегиранд. Дар он ВАО аз 30 кишвар барои иштирок дархост пешниҳод карданд", - гуфт намояндаи кумитаи тадорукоти консерт ба
Sputnik Тоҷикистон.Консерт бо "расми хуби тоҷикон" - дафзанию сурнаю карнай ва рақси зебои ансамбл оғоз шуд.
Толорро ҳунарнамоии сарояндаи ҷавон Фахриддин Ҳакимов ва гурӯҳи Лаъл бо овозхон - Муборакшо Додалиев бо сурудҳои рақсӣ гарм карда, ансамбли байналмилалии "Sparty band", ки аз намояндагони халқҳои гуногун иборатанд ва махсус барои ин консерт забони ттоҷикиро аз худ кардаанд, суруди машҳури "Эй санам"-ро пешкаши ҳаводорон намуданд.
Барномаи асосӣ бо ҳунарнамоии Парвиз Назаров ҳамроҳи духтараш Гесу оғоз шуд. Назаров бо иҷрои суруди ҷадидаш "Гиряи замин" мардумро ба муносибати боинсофона ба ҳамдигару табиат даъват кард.
Парвиз бо суруди машҳури худ "Крестная мать", ҳамаро гирёнд, вале бо "Чарх бизан" боз мардумро ба пойкӯбия дастфишонӣ даровад.
Ҷонибек Муродов сараввал ба муҳоҷирони Русия саломи гарми ҳунарманди номдори Тоҷикистон - падарашон Ҷӯрабек Муродовро расонида бо суруди "Ман тоҷикам" ҳамаи муҳоҷиронро ба ёди ватан бурд. Зери ин наво беш аз 10 ҳазор нафар бо Ҷонибек Муродов ҳамовоз шуданд.
Ситораи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё аз сатҳи баргузории ин консерт тавсиф карда гуфт, ки бо дилу ҷон ба дидори тоҷикони бурунмарзӣ омадааст.
Ӯ бо чакани зебои хатлонӣ дар саҳнаи Live Арена як базми наврузии бадахшонӣ барпо карда кулли ҳаводоронашро ба по хезонд. Аз хурду бузург ҳама дар ҳавои оҳанги "Дил дилум" -и Шабнам ба рақс даромада Наврӯзи ватанро таҷлил карданд.
Имкониятҳои беназири техникии толори консертӣ аз қабили рӯшноипардозӣ ва коргардонии овоз аз сатҳи баланди ташкилотии ин барнома дарак медод.
Дар баробари ин қабл аз барномаи консертӣ баргузории нишасти хабарӣ дар назар буд, ки ба гуфтаи баргузоркунандагон ба сабаҳои техникӣ лағв шуд.
Ба гуфтаи баргузоркунандаи консерт Аслишо Акимбеков дар ин барномаи фарҳангӣ беш 8 нафар ширкат кард ва ӯ нақша дорад, соли оянда ин рақамро ба 10 ҳазор расонад.
"Дар баргузории консерт ягон мушкилот набуд ва нақша дорем соли оянда ҷашни наврӯзро дар Маскав ба таври васеътар таҷлил кунем", - гуфт Аслишо Акимбеков дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Фазои Live Арена рӯзи 5 апрел дар воқеъ аз рисолати бузурги мусиқӣ ба ҳам овардани халқу миллатҳои гуногун дарак дод