https://sputnik.tj/20260405/rahmon-tajlili-ruzi-ghalaba--maskav-shirkat-1076620552.html
Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад?
Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Русия эълон кардааст, ки ба роҳбарони кишварҳои дӯст барои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар рӯзи 9 май даъватномаҳо ирсол кардааст. 05.04.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-04-05T10:21+0500
2026-04-05T10:21+0500
2026-04-05T10:21+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
рӯзи ғалаба
ғалаба
иштирок
эмомалӣ раҳмон
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/09/1067304306_0:0:3147:1770_1920x0_80_0_0_1528120bdab5cfcc2da2e10214322b5c.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Мақомоти Русия эълон кард, ки рощбарони 27 кишвар дунё дар таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Маскав иштирок хощанд кард. Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков ба рӯзноманигорон хабар додааст.Ба гуфтаи вай барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, даъватномащо равон карда шуданд ва зиёда аз 20 раҳбари ҷаҳон иштироки худро тасдиқ намуданд.Юрий Ушаков гуфт, ки Кремл ҳанӯз рӯйхати ниҳоии меҳмононро ошкор накардааст.Ёдовар мешавем, ки соли гузашта президентҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ва ғайра дар тантанаҳои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок доштанд.Ҳамин тавр, имкон дорад раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми майи соли равон дар Маскав дар тантанаҳои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба низ иштирок кунад.Ушаков ҳамчунин қайд кард, ки бисёре аз роҳбарони кишварҳо дархости мулоқот бо Путинро кардаанд.Қобили зикр аст, ки кишварҳои Ғарб, бар хилофи солҳои қаблӣ, эҳтимолан дар сатҳи баланд намояндагӣ намекунанд. Зоҳиран, дар ҷашн роҳбарони кишварҳои "дӯст" иштирок хоҳанд кард.
https://sputnik.tj/20251014/zangi-putin-rahmon-rusiya-tojikiston-1072090572.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/09/1067304306_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_9e7ad8cde4912e62ba96e3e495f36d67.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, рӯзи ғалаба, ғалаба, иштирок, эмомалӣ раҳмон, маскав
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, рӯзи ғалаба, ғалаба, иштирок, эмомалӣ раҳмон, маскав
Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Маскав ширкат мекунад?
Мақомоти Русия эълон кардааст, ки ба роҳбарони кишварҳои дӯст барои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар рӯзи 9 май даъватномаҳо ирсол кардааст.
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Мақомоти Русия эълон кард, ки рощбарони 27 кишвар дунё дар таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи ғалаба дар Маскав иштирок хощанд кард.
Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков ба рӯзноманигорон хабар додааст.
Ба гуфтаи вай барои иштирок дар тантанаҳои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба, даъватномащо равон карда шуданд ва зиёда аз 20 раҳбари ҷаҳон иштироки худро тасдиқ намуданд.
Юрий Ушаков гуфт, ки Кремл ҳанӯз рӯйхати ниҳоии меҳмононро ошкор накардааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта президентҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ва ғайра дар тантанаҳои таҷлили 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок доштанд.
Ҳамин тавр, имкон дорад раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми майи соли равон дар Маскав дар тантанаҳои таҷлили 81-умин солгарди Рӯзи Ғалаба низ иштирок кунад.
Ушаков ҳамчунин қайд кард, ки бисёре аз роҳбарони кишварҳо дархости мулоқот бо Путинро кардаанд.
Қобили зикр аст, ки кишварҳои Ғарб, бар хилофи солҳои қаблӣ, эҳтимолан дар сатҳи баланд намояндагӣ намекунанд. Зоҳиран, дар ҷашн роҳбарони кишварҳои "дӯст" иштирок хоҳанд кард.