https://sputnik.tj/20251103/qati-barq-afghoniston-tojikiston-uzbekitson-zaminlarza-1072627067.html
Пас аз заминларза: интиқоли барқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Афғонистон қатъ шуд
Пас аз заминларза: интиқоли барқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Афғонистон қатъ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати барқии “Брешно”, ахиран эълом кард, ки дар пайи заминларзаи ахир барқи воридотӣ аз Узбекистон ва Тоҷикистони қатъ шудааст
2025-11-03T13:23+0500
2025-11-03T13:23+0500
2025-11-05T12:13+0500
дар тоҷикистон
заминларза
афғонистон
барқ
қатъ
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_0:115:3232:1933_1920x0_80_0_0_b638b3c6f4d05e09769a12c14e346c58.jpg
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Ин ширкат хабар додааст, ки хатҳои барқи воридотӣ дар ҷараёни зилзила қатъ шуда ва тимҳои фаннӣ дар талоши васли дубора барқ ҳастанд.“Дар пайи зилзилаи 6,3 риштерии шаби гузашта ҳаволии соъати 1: 00 субҳ, хатҳои барқи воридотӣ аз Узбекистон дар масирҳои Ноибобод, Самангон ва Пулихумри қатъ шудаанд”, - қайд кардааст ширкати “Брешно”.Ин ширкат таъкид кардааст, ки ба дунболи ин ҳодиса , вилоёти Кобул, Бағалон, Перуон, Панҷшер, Кописо, Лугар, Пактиё, Ғазнӣ ва Майдон вардак аз барқи воридотӣ маҳрум шудаанд.Қайд карда шудааст, ки тимҳои фаннии “Брешно” дар ҳоли талош барои таъмиру васли дубора шабака ҳастанд.Ҳамчунин, хатти воридотии Тоҷикистон ба Қундуз дучори садама шуда, ки боиси қатъи комили барқ дар вилоёт шудааст, ки аз ин манбаъ таъмин мешаванд.Ширкати “Брешно” аз шаҳрвандон хостаанд,сарфаҷӯӣ дар масрафи барқро риоят кунанд то фишор бар шабакаи дохилӣ коҳиш ёбад.Ёдовар мешавем, ки заминларзае ба қудрати 6,3 риштери якшанбеи шаб наздикии шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистонро ларзонд, ки бар асари он токунун 20 тани кушта ва беш аз 300 нафари захмӣ шудаанд.Маркази ин заминларза дар минтақа "Хулам" воқеъ дар вилояти Балх , наздик ба шаҳри Мазори Шариф будаааст.Ларзишҳои шадидтарин дар шаҳрҳои Айбак, Мазори Шариф ва Маймана эҳсос шуданд.Заминларза ҳамчунин дар Кобул, инчунин дар Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон ва ҳатто Ҳиндустон эҳсос шуданд.
https://sputnik.tj/20251103/zaminlarza-tojikiston-dushanbe-khatlon-takon-1072625279.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1f/1045352939_252:0:2981:2047_1920x0_80_0_0_86867724b4d50764132604d231b1d91e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, барқ, қатъ, содирот, заминларза, заминҷунбӣ
тоҷикистон, афғонистон, барқ, қатъ, содирот, заминларза, заминҷунбӣ
Пас аз заминларза: интиқоли барқи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Афғонистон қатъ шуд
13:23 03.11.2025 (Навсозишуда: 12:13 05.11.2025) Ширкати барқИ “Брешно” ахиран эълом кард, ки дар пайи заминларзаи ахир барқи воридотӣ аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистони қатъ шудааст
ДУШАНБЕ, 3 ноя - Sputnik. Ин ширкат хабар додааст, ки хатҳои барқи воридотӣ дар ҷараёни зилзила қатъ шуда ва тимҳои фаннӣ дар талоши васли дубора барқ ҳастанд.
“Дар пайи зилзилаи 6,3 риштерии шаби гузашта ҳаволии соъати 1: 00 субҳ, хатҳои барқи воридотӣ аз Узбекистон дар масирҳои Ноибобод, Самангон ва Пулихумри қатъ шудаанд”, - қайд кардааст ширкати “Брешно”.
Ин ширкат таъкид кардааст, ки ба дунболи ин ҳодиса , вилоёти Кобул, Бағалон, Перуон, Панҷшер, Кописо, Лугар, Пактиё, Ғазнӣ ва Майдон вардак аз барқи воридотӣ маҳрум шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки тимҳои фаннии “Брешно” дар ҳоли талош барои таъмиру васли дубора шабака ҳастанд.
Ҳамчунин, хатти воридотии Тоҷикистон ба Қундуз дучори садама шуда, ки боиси қатъи комили барқ дар вилоёт шудааст, ки аз ин манбаъ таъмин мешаванд.
Ширкати “Брешно” аз шаҳрвандон хостаанд,сарфаҷӯӣ дар масрафи барқро риоят кунанд то фишор бар шабакаи дохилӣ коҳиш ёбад.
Ёдовар мешавем, ки заминларзае ба қудрати 6,3 риштери якшанбеи шаб наздикии шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистонро ларзонд, ки бар асари он токунун 20 тани кушта ва беш аз 300 нафари захмӣ шудаанд.
Маркази ин заминларза дар минтақа "Хулам" воқеъ дар вилояти Балх , наздик ба шаҳри Мазори Шариф будаааст.
Ларзишҳои шадидтарин дар шаҳрҳои Айбак, Мазори Шариф ва Маймана эҳсос шуданд.
Заминларза ҳамчунин дар Кобул, инчунин дар Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон ва ҳатто Ҳиндустон эҳсос шуданд.