Маълум шуд Тоҷикистон барои ба як маркази транзитӣ табдил ёфтан чӣ қадар пул сарф кардааст

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДорога от участка Калъаи Хумб-Ванч до ворот Рушана
Дорога от участка Калъаи Хумб-Ванч до ворот Рушана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2026
Обуна шудан
Тоҷикистон барои табдил додани кишвар ба маркази транзитӣ ба тарҳҳои нақлиётӣ 2,7 млрд доллар сармоягузорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода дар Форуми байналмилалии нақлиёт ва логистика эълон кард дар доираи стратегияи табдил додани кишвар ба маркази транзитӣ, 64 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 2,7 миллиард доллар амалӣ карда шудааст.
Вай гуфт, ки дар натиҷа беш аз 3200 километр роҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сохта шудаанд.
“Ин лоиҳаҳо ба беҳбуди назарраси пайвастагии нақлиётӣ ва сифати инфрасохтори роҳ мусоидат кардаанд, ки ин дар рейтингҳои байналмилалӣ низ инъикос ёфтааст”, - гуфт муовини вазир.
Вай Форуми иқтисодии ҷаҳониро мисол овард ва гуфт, ки дар таҳқиқоти охирини ин созмон оид ба сифати роҳҳо рейтинги Тоҷикистонро шаш зина боло рафта, миёни байни 165 кишври ҷаҳон дар ҷойи 44-ум қарор гирифтааст.
"Мо айни замон 16 лоиҳаи сармоягузории давлатии дигарро ба маблағи умумии 1,2 миллиард доллар амалӣ мекунем. Мо инчунин нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда беш аз 1000 километр роҳҳои минтақавӣ ва байналмилалиро бунёд ва навсозӣ кунем", - изҳор дошт Шоиста Саидмуродзода.
Ҳамчунин маовини вазири нақлиёти кишвар инчунин дар ин ҷаласа ба рақамикунонӣ соҳа таъкид кард.
"Бо рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, соҳаи нақлиёти ИДМ ба навсозӣ ва рақамикунонӣ ниёз дорад. Ҳалли рақамӣ, аз қабили зеҳни сунъӣ, маълумоти калон ва блокчейн метавонад интиқолро суръат бахшад, хароҷотро кам кунад ва шаффофияти амалиётиро афзоиш диҳад ва мавқеи минтақаро дар логистикаи ҷаҳонӣ тақвият диҳад", - идома дод мақомдори тоҷик.
Саидмуродзода қайд кард, ки дар соли 2025, дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ, стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии ИДМ қабул карда шуд.
Ин стратегия барои эҷоди фазои ягонаи рақамӣ барои мубодилаи маълумот, автоматикунонии расмиёти гумрукӣ, пайгирии борҳо ва ҳамгироӣ бо платформаҳои байналмилалии логистикӣ равона шудааст.
Ба гуфтаи мақомдори тоҷик, Ҷумҳурӣ омода аст, ки бо дигар кишварҳои ИДМ ва созмонҳои байналмилалӣ барои рушди логистикаи байналмилалӣ, долонҳои нақлиётӣ, татбиқи амалии ҳалли рақамӣ ва рушди муштараки системаи муосири нақлиёти минтақавӣ ҳамкорӣ кунад.
Лентаи хабарҳо
0