https://sputnik.tj/20260403/maqomot-tojikiston-idm-markazi-tranziti-1076559805.html
Мақомот: Тоҷикистон метавонад барои кишварҳои ИДМ ба як маркази транзитӣ табдил ёбад
Мақомот: Тоҷикистон метавонад барои кишварҳои ИДМ ба як маркази транзитӣ табдил ёбад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон метавонад ба як маркази муассири транзитӣ барои ИДМ ва дигар кишварҳо табдил ёбад
2026-04-03T12:41+0500
2026-04-03T12:41+0500
2026-04-03T12:41+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
транзит
идм
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070714564_0:239:2560:1679_1920x0_80_0_0_8a4c5942c1c0a5310cd1b4b4163f08ca.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Тоҷикистон барои табдил ёфтан ба маркази муассири транзитӣ байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Чин ва давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна имкониятҳо дорад.Дар ин бора муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии нақлиёт ва логистика дар Санкт-Петербург изҳор дошт.Вай гуфт, ки ИДМ дар ташаккул ва рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ — унсурҳои калидӣ барои таъмини тиҷорати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ — нақши стратегӣ мебозад.Вай афзуд, ки бо назардошти вазъи кунунии геополитикӣ, қаламрави Тоҷикистон метавонад ҳамчун маркази транзитӣ, ки кишварҳои ИДМ-ро бо кишварҳои сеюм мепайвандад, самаранок истифода шавад.“Роҳҳои зерин ҳамчун долонҳои алтернативии нақлиётӣ баррасӣ мешаванд: Покистон - Чин - Тоҷикистон - Узбакистон - Қазоқистон - Русия, масири мултимодалии Чин - Тоҷикистон - Узбакистон - Туркманистон - Эрон - Туркия ва масири Чин - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон", — гуфт муовини вазири нақлиёт.Вай илова кард, ки бартарии ин долонҳо дар он аст, ки онҳо кӯтоҳтарин роҳҳои нақлиётиро бо хароҷоти ҳадди ақали логистикӣ таъмин мекунанд. Муовини вазир инчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон, ки замоне Роҳи бузурги Абрешим аз он мегузашт, айни замон сиёсати эҳёи онро тавассути рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамгироӣ ба занҷирҳои таъминоти ҷаҳонӣ амалӣ мекунад.Саидмуродзода зикр кард, ки дар доираи стратегияи табдил додани кишвар ба маркази транзитӣ, 64 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шудааст, ки дар натиҷа беш аз 3200 километр роҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сохта шудаанд.
https://sputnik.tj/20260114/vazorati-naqliyot-rohi-ayni-mastchoh-tamir-1074530062.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/09/01/1070714564_82:0:2479:1798_1920x0_80_0_0_b931c500cfdecb36a22f2efff21e8e1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, роҳ, транзит, идм, ҳамкорӣ
дар тоҷикистон, нақлиёт, роҳ, транзит, идм, ҳамкорӣ
Мақомот: Тоҷикистон метавонад барои кишварҳои ИДМ ба як маркази транзитӣ табдил ёбад
Вазорати нақлиёти кишвар таъкид кардааст, ки Тоҷикистон метавонад ба як маркази муассири транзитӣ барои ИДМ ва дигар кишварҳо табдил ёбад
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Тоҷикистон барои табдил ёфтан ба маркази муассири транзитӣ байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Чин ва давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ховари Миёна имкониятҳо дорад.
Дар ин бора муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии нақлиёт ва логистика дар Санкт-Петербург изҳор дошт.
Вай гуфт, ки ИДМ дар ташаккул ва рушди долонҳои нақлиётии мултимодалӣ — унсурҳои калидӣ барои таъмини тиҷорати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ — нақши стратегӣ мебозад.
"Тавре, ки таҷриба нишон медиҳад, долонҳои нақлиётӣ бо мушкилоти самаранокии пасти амалиётӣ, ҳамоҳангсозии нокифояи системаҳои нақлиётӣ ва инфрасохтори фарсуда ва аз ҷиҳати технологӣ кӯҳнашуда рӯбарӯ мешаванд", — афзуд Саидмуродзода.
Вай афзуд, ки бо назардошти вазъи кунунии геополитикӣ, қаламрави Тоҷикистон метавонад ҳамчун маркази транзитӣ, ки кишварҳои ИДМ-ро бо кишварҳои сеюм мепайвандад, самаранок истифода шавад.
“Роҳҳои зерин ҳамчун долонҳои алтернативии нақлиётӣ баррасӣ мешаванд: Покистон - Чин - Тоҷикистон - Узбакистон - Қазоқистон - Русия, масири мултимодалии Чин - Тоҷикистон - Узбакистон - Туркманистон - Эрон - Туркия ва масири Чин - Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон", — гуфт муовини вазири нақлиёт.
Вай илова кард, ки бартарии ин долонҳо дар он аст, ки онҳо кӯтоҳтарин роҳҳои нақлиётиро бо хароҷоти ҳадди ақали логистикӣ таъмин мекунанд. Муовини вазир инчунин таъкид кард, ки Тоҷикистон, ки замоне Роҳи бузурги Абрешим аз он мегузашт, айни замон сиёсати эҳёи онро тавассути рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва ҳамгироӣ ба занҷирҳои таъминоти ҷаҳонӣ амалӣ мекунад.
Саидмуродзода зикр кард, ки дар доираи стратегияи табдил додани кишвар ба маркази транзитӣ, 64 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шудааст, ки дар натиҷа беш аз 3200 километр роҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сохта шудаанд.