Ҳушдори Раҳмон аз болоравии бесобиқаи нархи ғизо

Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2026
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон истифодаи оқилонаи об ва ҳар як ваҷаб заминро шарти муҳимми таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ хонд
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон аз болоравии бесобиқаи нархи наво ҳушдор дод.
Дар ин бора, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ноҳияи Мастчоҳ зикр кард.
Тибқи таҳлили коршиносон бар асари ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир дар дунё ҷараён доранд, инчунин, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он соли ҷорӣ нархи маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло меравад, гуфт кишвардор.
"Бинобар ин, мо бояд ҳар рӯзи мусоиди баҳорро самаранок истифода бурда, барои таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саъю кӯшиш намоем", - таъкид кард ӯ.
Зарур аст, ки дар шароити бисёр ҳассоси ҷаҳони муосир тамоми захираву имкониятҳо, аз ҷумла об ва ҳар як ваҷаб замин барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум сафарбар карда шаванд, гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки истифодаи оқилонаи об ва ҳар як ваҷаб замин шарти муҳимми таъмин намудани пешрафти иқтисоди миллӣ, амнияти озуқавории мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми кишвар мебошад.
Детский сад Сугдиён в Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2026
Аз маориф то саноат: Раҳмон дар Масчоҳ чӣ ифтитоҳ кард?
Президент ҳамчунин аз мардуми Мастчоҳ тавсиф крада, гуфт, ки воқеан мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар зарфи ҳафтод соли гузашта заминҳои беобу гиёҳ, яъне чӯлистони Дилварзинро имрӯз ба гулистон табдил додаанд.
Лентаи хабарҳо
0