Дар Тоҷикистон танҳо 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкОрдена и медали ветерана ВОВ, архивное фото
Ордена и медали ветерана ВОВ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Тибқи маълумоти расмӣ, айни замон дар ҷумҳурӣ тақрибан 100 нафар коргари ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ даҳ нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт аст.
Дар ин бора Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин созмон қайд кард, ки шумораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки соли 1941 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карданд ва дар қайди ҳаёт ҳастанд, коҳиш ёфтааст.
Фаъолияти ин иттиҳодия пеш аз ҳама ба ҳифзи хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, кумак ба собиқадорони ҷанг ва тарбияи ватандӯстӣ дар байни ҷавонон нигаронида шудааст.
Айни замон дар Тоҷикистон 10 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 100 нафар коргарони ақибгоҳ зиндагӣ мекунанд.
Хотамбек Шокиров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.02.2025
Охирин собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Мастчоҳ даргузашт
Дар давраи ҷанг 300 ҳазор нафар аз ҷумҳурӣ ба ҷабҳа рафт, ки беш аз 90 ҳазори онҳо дигар ба Ватан барнагаштанд.
Тибқи иттилои Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон, 56 ҳазор нафар барои хидматҳои ҳарбӣ бо ордену медалҳои ИҶШС мукофотонида шудаанд.
Ғайр аз ин, 56 сокини ҷумҳурӣ Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 21 нафар Кавалерҳои пурраи Ордени Шӯҳрат мебошанд.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти расмӣ, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 100 ҳазор сокин аз саросари ИҶШС ба Тоҷикистон кӯчонида шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0