https://sputnik.tj/20260401/oghoz-davat-bahori-navaskaron-artish-tojikiston-1076517629.html
Оғози даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон
Оғози даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал имзо карда буд
2026-04-01T11:42+0500
2026-04-01T11:42+0500
2026-04-01T12:49+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
артиш
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
даъвати баҳорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/01/1076518838_49:239:1979:1325_1920x0_80_0_0_464d973a7b2fb1495ac2425ba66ac42a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати баҳории наваскарон оғоз гардид. Даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1999 - 2008 то охири моҳи май идома хоҳад дошт, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал имзо карда буд.Ҳамин тавр, моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.Инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват шудаанд.Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳо, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20260228/prezident-farmon-davat-bahori-askari-imzo-1075641594.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/01/1076518838_19:0:1839:1365_1920x0_80_0_0_7fcd7bfd18c76db73a878efd1a072422.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, артиш, қувваҳои мусаллаҳи ҷт, даъвати баҳорӣ
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, артиш, қувваҳои мусаллаҳи ҷт, даъвати баҳорӣ
Оғози даъвати баҳории наваскарон дар Тоҷикистон
11:42 01.04.2026 (Навсозишуда: 12:49 01.04.2026) Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал имзо карда буд
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Дар Тоҷикистон даъвати баҳории наваскарон оғоз гардид.
Даъвати шаҳрвандони соли таваллудашон 1999 - 2008 то охири моҳи май идома хоҳад дошт, иттилоъ дод Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.
Фармони дахлдорро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврал имзо карда буд.
Ҳамин тавр, моҳҳои апрел-майи соли 2026 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.
Инчунин мардони синну соли калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз хизмати ҳарбиро надоранд, барои адо намудани хизмати харбӣ даъват шудаанд.
Тибқи фармони президент хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2026 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.
Вазорати мудофиа, раисони комиссияҳои даъвати вилоятҳо, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус мукаммалгардонии онҳоро бо иштироки мақомоти амният ва корҳои дохилӣ дар навбати аввал бо даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда амалӣ намоянд.