Аз маориф то саноат: Раҳмон дар Масчоҳ чӣ ифтитоҳ кард?

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДетский сад "Сугдиён" в Согдийской области.
Детский сад Сугдиён в Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2026
Обуна шудан
Дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Суғд раисҷумҳури кишвар ба ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард ва дар ин минтақа чанд иншооти мҳимрпо ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Мастчоҳ дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода дод.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст, иншооти соҳаи маориф бо тарҳи муосир сохта шуда, дар он шароити мусоид барои тарбияи зиёда аз 300 кӯдак фароҳам оварда шудааст.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаДетский сад "Сугдиён"
Детский сад Сугдиён  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистони нав 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шуда, дар тарбияи дӯстрӯякон бо усулҳои муосири амаливу назариявӣ, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо саҳм мегузоранд.
Сипас раисҷумҳур дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуд.
Қайд карда шудааст, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд карда шуда, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Бинои куҳнаи ин муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаСредняя школа № 46 в селе Дусти Мастчохского района.
Средняя школа № 46 в селе Дусти Мастчохского района. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро низ дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Бинои муассиса бо иқдоми сокинони 4 деҳаи деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд ва Истошон, саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути ҳашари умумӣ бо лоиҳаи мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардидааст.
Кишвардори Тоҷикистон зимни сӯҳбати гарму самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, масъулон ва падару модарон иқдоми сокинони ин деҳоти ноҳияи Мастчоҳро иқдоми шоистаю ватандӯстона, ғамхорӣ ба фарзандон ва намунаи ибрат номиданд.
Ҳамчунин президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро расман мавриди истифода қарор дод.
Корхона бо саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд карда шудааст.
Корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа ва таҷҳизоти технологии муосири ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаКирпичный завод в Мастчохском районе.
Кирпичный завод в Мастчохском районе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Қайд карда шудааст, ки сохтмони иншооти истеҳсолӣ ҳанӯз соли 2024 оғоз ёфта, дар муддати 1 солу 8 моҳ ин корхонаи муосир оид ба истеҳсоли масолеҳи хишти сохтмонӣ ба фаъолият омода гардид.
Ин корхонаи дуюми хиштбарории ширкати Ҷаъфар-2014 мебошад. Корхонаи якуми соҳибкорон дар минтақаи Обшорони ноҳия фаъолият мекунад.
Зикр гардидааст, ки маҷмӯи дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ аз қабулу омехтакунии ашёи хоми асосӣ барои хишти пухта – гилу хокаи ангишт то пухтани хишти хом дар хатти технологии пайиҳами силсилавӣ ҷараёни мукаммалу пурсамарро ташкил медиҳад.
Эмомали Рахмон встретился с активистами Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Супоришҳо дод: Раҳмон аз мушкилот дар рушди саноату кишоварзӣ дар Суғд таъкид кард
Иқтидори хатти технологии корхона истеҳсоли 80 ҳазор дона хишти пухта дар як шабонарӯз мебошад. Аз рӯи ин иқтидор дар корхона дар як сол зиёда аз 24 млн. дона хишти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи навбунёд беш аз 50 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Қайд карда шудааст, ки таъминоти ашёи хом аз дохили кишвар сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0