Сохтмони низоми обёрии “Пушинг” дар вилояти Хатлон

© Foto / Пресс-служба председателя Хатлонской областиСтроительство ирригационной системы Пушинг в Хатлонской области.
Строительство ирригационной системы Пушинг в Хатлонской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Обуна шудан
Дар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон" сохтмони низоми обёрии "Пушинг" идома дорад
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Ба иттилои мақомоти вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 60% сохтмони низоми обёрии “Пушинг” ба анҷом расидааст.
Мақомот қайд кардааст, ки лоиҳа ба рушди инфрасохтори муосири обёрӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ дар минтақа равона шудааст.
“Дар айни замон корҳо ҳамзамон дар чанд самти калидӣ идома доранд. Аз ҷумлаи марҳилаҳои муҳимтарин — сохтмони истгоҳи насосии НС-2, насби се агрегати насосӣ, хобонидани қубури фишорнок бо диаметри 720 мм ба дарозии 1020 метр, инчунин рушди шабакаи пӯшидаи обёрӣ бо дарозии умумии зиёда аз 30,5 км мебошад”, қайд кардааст манбаъ.
Илова бар ин, сохтмони каналҳои обҷамъкунанда ба дарозии 10,9 км, дюкери №2 аз қубурҳои металлии диаметрашон 820 мм, инчунин низоми обёрии қатрагӣ дар масоҳати 530 гектар идома дорад.
Вид Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2026
Ҳавзҳои Душанбе аз лойқа тоза карда мешаванд
Ҳамзамон дар майдони сохтмон насби конструксияҳои металлӣ, қубурҳо, дарғотҳо ва фитингҳо анҷом дода шуда, назорати ултрасадоии пайвандҳои кафшерӣ, корҳои заминӣ дар қитъаи дюкер, инчунин бетонӣ ва мусаллаҳсозии зарфҳо иҷро мегардад.
Мақомоти вилоят зикр кардааст, ки сохтмони ин лӯлаи об барои таъмини самараноки оби заминҳои кишоварзӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0