Ҳавзҳои Душанбе аз лойқа тоза карда мешаванд

Вид Душанбе.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2026
Обуна шудан
Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" аз шаҳрнишинон даъват кардааст, ки фарҳанги истифодаи обро нигоҳ доранд ва ба заҳмати сангини кормандон эҳтиром гузоранд
ДУШАНБЕ, 19 мар - Sputnik. Ҳавзҳои Душанбе аз лой пок карда мешаванд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки кормандони Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" бо истифода аз дастгоҳи лойқабарор (земснаряд) дар ҳавзҳои таҳнишин корҳои тозакунии лой ва таҳшинҳоро анҷом дода истодаанд.
Поксозӣ барои беҳтар гардидани фаъолияти низоми обтаъминкунӣ ва нигоҳдории иншооти муҳими пойтахт муҳим аст.
Мутахассисони корхона барои саривақт бартараф намудани садамаҳои дар қубурҳои обгузар рухдода тадбирҳои муҳим меандешанд.
Дар ин росто корхона аз мардум даъват мекунад, ки да тозагӣ риоя намоянд.
Тоҷикистон мунтазири раҳбарони ҷаҳон барои ширкат дар конфронси Об барои рушди устувор аст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2026
Тоҷикистон мунтазири раҳбарони ҷаҳон барои ширкат дар конфронси "Об барои рушди устувор" аст.
Махсусан, аз партофтани ашёҳое ба монанди салфетка, чӯб, уребчаҳо, линчаҳои холӣ ва дигар партовҳо, ки метавонанд сабаби басташавии шабакаҳо ва ба вуҷуд омадани садамаҳо гарданд, худдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0