Раҳмон: фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон встретился с активистами Согдийской области.
Эмомали Рахмон встретился с активистами Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд аз фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ изҳори норозигӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки фаъолияти як қатор ташкилотҳои қарзӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, бахусус, дар минтақаҳои дурдаст беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.
Кишвардори Тоҷикистон ба масъулин супориш дод, ки гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи воситаҳои рақамиро суръат бахшанд.
Вай аз роҳбарияти ташкилотҳои қарзӣ хост, ки сифати хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасӣ ба онҳоро барои аҳолӣ ба таври куллӣ беҳтар намоянд.
Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ то санаи 31 декабри соли 2025 дар маҷмуъ 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 22 фонди қарзии хурд фаъолият дорад.
Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 ба 1 960 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 32 адад зиёд мебошад.
Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 ба 59,2 млрд сомонӣ ва 47,9 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мувофиқан 24,8% (ё 11,8 млрд сомонӣ) ва 24,4% (ё 9,4 млрд сомонӣ) зиёд мебошанд.
Эмомали Рахмон встретился с активистами Согдийской области.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Супоришҳо дод: Раҳмон аз мушкилот дар рушди саноату кишоварзӣ дар Суғд таъкид кард
Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 11,3 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ ба андозаи 2,3 млрд сомонӣ ё 26,2% зиёд шудааст.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2025 бақияи умумии пасандозҳо 33,9 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ 8,4 млрд сомонӣ ё 32,8% зиёд мебошад.
Дар соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда 30 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 22,1% зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 42,6 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 13,4%, кишоварзӣ 11,8%, саноат 8,3%, хизматрасонӣ 7,1%, ипотека 6,1%, сохтмон 4,5% ва дигар соҳаҳо 6,2% рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0