Кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд соҳиби манзил шуданд

© Foto / Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонТақдими калидҳои хона ба кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ дар Суғд
Тақдими калидҳои хона ба кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2026
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ бинои истиқоматӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ бинои истиқоматӣ ба истифода дод.
Бино аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии преизденти ҶТ.
Гуфта мешавад, ки таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд.
Ҳамин тавр ба 30 нафар кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ калиди хонаҳои истиқоматӣ супорида шуд.
Дар ҳамин ҷо дар ошёнаи дуюми бино Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ ифтитоҳ шудааст.
Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, афзудааст манбаъ.
Ифтитоҳи театри ба номи А.С Пушкин дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2026
Сафари Раҳмон ба Суғд аз ифтитоҳи театри ба номи Пушкин оғоз шуд
Самти дигари муҳими фаъолияти ин марказ рушди технологияҳои рақамӣ дар соҳаи тандурустӣ гуфта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0