https://sputnik.tj/20260329/safar-rahmon-sughd-teatr-pushkin-oghoz-1076435531.html
Сафари Раҳмон ба Суғд аз ифтитоҳи театри ба номи Пушкин оғоз шуд
Сафари Раҳмон ба Суғд аз ифтитоҳи театри ба номи Пушкин оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон барои ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба истиқболи ҷашни Наврӯз Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд рафт
2026-03-29T11:09+0500
2026-03-29T11:09+0500
2026-03-29T11:09+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
бӯстон
суғд
эмомалӣ раҳмон
театр
ифтитоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1d/1076435365_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_cbabde94b8505938484d756b4b8bbbee.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Сафари кишвардори Тоҷикистон ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин пас аз навсозӣ, оғоз шуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.Театр дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.Иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.Баъди навсозӣ дар Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.Дар даврони истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст.Дар ин ҷо кишвардор бо аҳли ҳунар суҳбат намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас додааст.
бӯстон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1d/1076435365_59:0:970:683_1920x0_80_0_0_f61c9590e737bbf3b61beab78ebe41ed.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, дар тоҷикистон, бӯстон, суғд, эмомалӣ раҳмон, театр, ифтитоҳ
фарҳанг, дар тоҷикистон, бӯстон, суғд, эмомалӣ раҳмон, театр, ифтитоҳ
Сафари Раҳмон ба Суғд аз ифтитоҳи театри ба номи Пушкин оғоз шуд
Эмомалӣ Раҳмон барои ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоот ба истиқболи ҷашни Наврӯз Истиқлоли давлатӣ ба вилояти Суғд рафт
ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Сафари кишвардори Тоҷикистон ба вилояти Суғд аз ифтитоҳи бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин пас аз навсозӣ, оғоз шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Театр дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.
Иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.
Баъди навсозӣ дар Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст.
Дар ин ҷо кишвардор бо аҳли ҳунар суҳбат намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас додааст.