https://sputnik.tj/20260328/az-peshgirii-ofathoi-tabii-to-omodagi-ba-zimiston-rahmon-majlisi-hukumat-barguzor-kard-1076420525.html
Аз пешгирии офатҳои табиӣ то омодагӣ ба зимистон: дар Маҷлиси ҳукумат чӣ баррасӣ шуд
Аз пешгирии офатҳои табиӣ то омодагӣ ба зимистон: дар Маҷлиси ҳукумат чӣ баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор ба масъулин супоришҳо дод
2026-03-28T12:37+0500
2026-03-28T12:37+0500
2026-03-28T12:39+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
сиёсат
президент
маҷлиси ҳукумат
маҷлиси ҳукумати тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1c/1076420356_0:107:1023:682_1920x0_80_0_0_c832146439cdd011dbf42ce74fd23ee6.jpg
ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид.Дар маҷлис нахуст гузориши вазири рушди иқтисод Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 шунида шуд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш додааст.Кишвардор супориш дод, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт тасдиқ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёбад ва мақомот то 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.Дар бораи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди донорӣ барои солҳои 2026-2030 вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гузориш дод.Сипас, дар кори маҷлис Нақшаи амали Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд.Дар фарҷом, Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор, вусъати корҳои созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори– 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин супоришҳо дод.
https://sputnik.tj/20260124/mmd-energetika-sarmoyaguzori-majlis-vasei-hukumat-1074751513.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1c/1076420356_75:0:984:682_1920x0_80_0_0_f278f4ee3e38a96bb89ab2b54e71f95a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, сиёсат , президент, маҷлиси ҳукумат, маҷлиси ҳукумати тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, сиёсат , президент, маҷлиси ҳукумат, маҷлиси ҳукумати тоҷикистон
Аз пешгирии офатҳои табиӣ то омодагӣ ба зимистон: дар Маҷлиси ҳукумат чӣ баррасӣ шуд
12:37 28.03.2026 (Навсозишуда: 12:39 28.03.2026) Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор ба масъулин супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 28 мар - Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид.
Дар маҷлис нахуст гузориши вазири рушди иқтисод Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027 шунида шуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш додааст.
Кишвардор супориш дод, ки нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт тасдиқ гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёбад ва мақомот то 20-уми ҳар моҳ маълумоти ҷамъбастиро ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод намоянд.
Дар бораи Барномаи ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди донорӣ барои солҳои 2026-2030 вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гузориш дод.
Сипас, дар кори маҷлис Нақшаи амали Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 ва Нақшаи амали Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ то соли 2030 дар солҳои 2026-2030 баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуд.
Дар фарҷом, Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиӣ, бахусус селу обхезиҳо дар фасли баҳор, вусъати корҳои созандагӣ ба хотири истиқболи сазовори– 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба масъулин супоришҳо дод.