Соли бобарори Тоҷикистон: дар маҷлиси васеи Ҳукумат чӣ баррасӣ шуд

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана
Обуна шудан
Дар Душанбе таҳти раёсати президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси васеи Ҳукумат баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар маҷлис натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар соли 2025 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд.
Дар кори он, роҳбарият ва аъзои Ҳукумат, Дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он, роҳбарони мақомоти марказии давлатӣ, идораҳои назди президент ва Ҳукумат ширкат карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президент.
Гуфта мешавад, ки нахуст ҳисоботи сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода, ки соли 2025 -ғро барои Тоҷикистон бобарор хонд, оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 шунида шуд, ки чунинанд:
Ҳаҷми ММД ба 176,9 млрд сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4% таъмин карда шуд.
Сатҳи таваррум 3,5% -ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 0,1 банди фоизӣ камаст.
Ба даромади буҷети давлатӣ 60,3 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар кишвар 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шудааст.
13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд.
Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024 7% зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шуд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 млрд сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024 9,5% таъмин гардид.
Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 млрд сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024 35% зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии додашуда зиёд гардида, 30 млрд сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23% зиёд аст.
Ҳамчунин дар соли 2025 татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 11,7 млрд сомонӣ дар соҳаи нақлиёт имкон дод, ки рушди соҳа таъмин гардад ва дар натиҷа соли сипаришуда тавассути ҳама гуна нақлиёт 155 млн тонна бор ва 1,1 млрд мусофир кашонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 мутаносибан 15,2 ва 11% зиёд мебошад.
Соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдо 77,3 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 14% зиёд аст.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 30,5 млрд сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 13,2% зиёд мебошад.
Гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба соли 2024 20,5% афзоиш ёфт.
Аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 млрд сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3,6 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла ВМКБ ба андозаи 104,3%, вилояти Хатлон 103,1%, вилояти Суғд 107,1%, шаҳри Душанбе 119,8% ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 109,5% таъмин карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлис ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳо дод.
