Аҳмадзода ба бонувони хирадманд грант дод

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода ба бонувони ҳунарманд грант дод
Раҷаббой Аҳмадзода ба бонувони ҳунарманд грант дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2025
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки бонувони ҳунарманду соҳибкор барои беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда мегузоранд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ба 60 нафар бонуи ҳунарманд грант супурд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат иброз дошт, ки миллати тоҷик дорои ҳунарҳои нодири мардумист, ки дар тӯли таърих бо заҳмати ҳунармандон рушд ёфтааст.
Қайд кард, ки бо қарори ҳукумати кишвар ҳар сол 15 миллион сомонӣ ва 200 грант барои занони соҳибкор ҷудо карда мешавад.
Соли 2025 аз вилояти Суғд 39 нафар бонуи фаъол бо пешниҳоди лоиҳаҳои худ соҳиби грантҳои президентӣ гардиданд.
© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода ба бонувони ҳунарманд грант дод
Раҷаббой Аҳмадзода ба бонувони ҳунарманд грант дод - Sputnik Тоҷикистон
1/4
Раҷаббой Аҳмадзода ба бонувони ҳунарманд грант дод

2/4

3/4

4/4

Аҳмадзода қайд кард, ки дар сатҳи вилоят низ бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии бонувони ҳунарманд 60 гранти Раиси вилоят дар ҳаҷмҳои гуногун (аз 5000 то 10000 сомонӣ) таъсис дода шудааст.
Зикр гардид, ки ба комиссияи грантҳои Раиси вилояти Суғд имсол 105 лоиҳа пешниҳод гардида, беҳтаринҳо барои дастгирӣ интихоб шуданд.
“Бо татбиқи лоиҳаҳо зиёда аз 650 нафар занону духтарон бо омӯзиш ва фаъолияти меҳнатӣ фаро гирифта мешаванд. Бонувони ҳунарманд ният доранд, ки бо истифода аз маблағи грантӣ доираи фаъолияти коргоҳҳои худро васеъ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд”, - гуфт раиси вилояти Суғд.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Аҳмадзода гуфт, ки ҳукумат талош дорад муҳоҷиратро коҳиш диҳад
Вай илова кард, ки ҳунарҳои мардумӣ дар Суғд рушд ёфтааст. Айни замон дар вилоят 288 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ, аз ҷумла 108 маркази атласу адрасбофӣ фаъолият доранд. Дар ин марказҳо беш аз 30 ҳазор занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ машғуланд.
Аҳмадзода изҳори умед кард, ки бонувони ҳунарманду соҳибкор барои беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Лентаи хабарҳо
0