Боевая подготовка  инженерных войск группировки войск Запад в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Трамп мехоҳад, ки Путин ва Зеленский мулоқот кунанд

© REUTERS /Kenny Holston/The New York TimesПрезидент США Дональд Трамп.
Президент США Дональд Трамп. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2026
Обуна шудан
Раҳбари Амрико гуфт, ки ИМА ба ҳалли эҳтимолии низои Украина наздик мешавад
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ки президенти Русия Владимир Путин бо Владимир Зеленский мулоқот кунад, то дар бораи Украина созиш ба даст орад.
Президенти ИМА Доналд Трамп инро зимни як чорабинӣ дар Кохи Сафед изҳор дошт.
"Ман мехоҳам, ки президент Путин ва президент Зеленский нишинанд ва созиш ба даст оранд", - гуфт Трамп.
Роҳбари Амрико инчунин қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳалли эҳтимолии низои Украина наздик мешавад.
"Ман фикр мекунам, ки онҳо (Русия ва Украина - таҳрир) ба он (созиш - таҳрир) наздиканд. Ман инро муддати тӯлонӣ мегӯям: ман ҳашт ҷангро хотима додам. Ва ҳар яки онҳо бояд аз ин душвортар мебуд", - гуфт Трамп ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков, Кремл интизор аст, ки музокироти сеҷониба дар бораи Украина пас аз он ки ҳамаи тарафҳо, бахусус тарафи амрикоӣ, дар бораи ҷадвалҳо ба мувофиқа расиданд, идома ёбад.
Даври қаблии машваратҳои Русия-ИМА-Украина дар Женева 17-18 феврал баргузор шуд.
Русия борҳо изҳор доштааст, ки омода аст барои ҳалли музокирот барои бӯҳрони Украина бо такя ба тафоҳумҳое, ки президентҳои Русия ва ИМА дар нишасти Аляска ба даст овардаанд, аз ҷумла ҳалли сабабҳои аслии низоъ дар шакли таҳдидҳо ба амнияти миллии Русия, роҳи ҳалли худро пайдо кунад.
Президент США Дональд Трамп на авиабазе Довер в городе Довер, штат Делавэр, США, 18 марта 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Трамп мегӯяд, ҳалли қазияи Украина наздик аст
Қаблан Трамп изҳор дошт, ки аз нохоҳиши режими Киев барои расидан ба созиш барои ҳалли Украина ҳайрон шудааст. Тавре ки раҳбари Амрико таъкид кард, "ба даст овардани созиш бо Зеленский нисбат ба президенти Русия Владимир Путин хеле душвортар аст".
Лентаи хабарҳо
0