Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон меравад

© Foto / Хадамоти матбуотии президенти ТоҷикистонСафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2026
Обуна шудан
Интизор меравад, ки пас аз музокирот, роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон бастаи бузурги ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо кунанд
ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Узбекистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Ин сафар рӯзҳои 26-27 март ба нақша гирифта шудааст.
Ҷониби Ӯзбекистон хабар дод, ки раҳбари Тоҷикистон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аввалин ҷаласаи Шӯрои Олии байнидавлатиро баргузор мекунанд.
Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олӣ низ баргузор мешавад. Мавзӯъҳои асосии рӯзнома таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд.
встреча главы Министерства инвестиций, промышленности и торговли Республики Узбекистан Лазиза Кудратова с министром промышленности и новых технологий Республики Таджикистан Шерали Кабиром. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2026
Тоҷикистону Узбекистон корхонаҳои нав месозанд
Роҳбарони давлатҳо дар бораи ҷанбаҳои кунунии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ҳамкорӣ дар доираи форматҳои бисёрҷониба мубодилаи афкор хоҳанд кард.
Хадамоти матбуот инчунин афзуд, ки оғози як қатор лоиҳаҳои нави муштарак ва имзои бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанба равона шудаанд, низ ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз музокирот, имзои бастаи бузурги ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ интизор меравад.
Лентаи хабарҳо
0