Тоҷикистону Узбекистон корхонаҳои нав месозанд

© Foto / Пресс-служба Министерства инвестиций, промышленности и торговли Республики Узбекистан.встреча главы Министерства инвестиций, промышленности и торговли Республики Узбекистан Лазиза Кудратова с министром промышленности и новых технологий Республики Таджикистан Шерали Кабиром.
встреча главы Министерства инвестиций, промышленности и торговли Республики Узбекистан Лазиза Кудратова с министром промышленности и новых технологий Республики Таджикистан Шерали Кабиром. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2026
Обуна шудан
Дар ин бора, Шералӣ Кабир бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25 мар – Sputnik. Тоҷикистону Узбекистон ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, саноат ва технологияро тақвият медиҳанд.
Ин масоил дар шаҳри Тошканд зимни мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов баррасӣ шудааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи масъалаҳоеро, ки дар санадҳои қаблии баимзорасидаи байнидавлатӣ доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат дахл доранд муҳокима кардаанд.
Ин аз ҷумла, пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои металлургия, саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарматсевтӣ ва дигар бахшҳои дорои аҳамияти стратегӣ мебошанд.
"Ҷбарои амалигардонии лоиҳаҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ карда, қадамҳои минбаъдаро барои омодасозии инфрасохтор, оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва ба роҳ мондани хатҳои муосири истеҳсолӣ дар корхонаҳои таъсисшавандаи саноатӣ дар қаламрави ҳарду давлат муайян намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Флаги Узбекистана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2026
Тоҷикистону Узбекистон дар вилояти Ҷизах ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодиро баррасӣ мекунанд
Таъкид гардид, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба тақвияти шарикии стратегии ду кишвар, афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва рушди устувори иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0