Вазири корҳои дохила аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон бурунмарзӣ чӣ хост?

© Foto / Министерство внутренних дел РТМинистр МВД РТ генерал Рамазон Рахимзода Хамро
Министр МВД РТ генерал Рамазон Рахимзода Хамро  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2026
Обуна шудан
Вазири корҳои долхила аз ҷамъиятҳои бурунмарзӣ тоҷкон хост сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро ба муҳоҷирони меҳнатӣ дуруст фахмонанд
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар Душанбе бо роҳбарон ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳамватанони бурунмарзиро бо Ҷашни Наврӯз табрик намуда, аз бунёдкориву ободонии Тоҷикистон ёдовар шуд.
Вазири тоҷик қайд кард, ки мақомоти кишвар пайвста аз ҳаёту фаъолияти ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ бохабар аст.
Вай ҳозиринро аз вазъи сиёсии дохили кишвар минтақа ва ҷаҳон огоҳ намуда аз хатарҳои ба Тоҷикистон таъсирасонанда ҳушдор дод.
Рабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса Экспо на ВДНХ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2026
Муҳоҷирон ба буҷаи Русия 172 млрд рубл ворид карданд
Аз намояндагони диаспораҳо даъват карда шуд, ки дар минтақаҳои фаъолияташон, ки шумораи зиёди шаҳрвандони тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ машғул ҳастанд сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро дуруст фахмонанд.
Ҳамчунин вазир аз роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон хост аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав ва экстремистию терористӣ ҷилавгири намоянд.
Лентаи хабарҳо
0