Муҳоҷирон ба буҷаи Русия 172 млрд рубл ворид карданд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкРабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса "Экспо" на ВДНХ.
Рабочие на строительной площадке нового конгрессно-выставочного комплекса Экспо на ВДНХ. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2026
Обуна шудан
Дар баробари ин, дар соли 2025 муҳоҷирон дар Русия 2,3 млн патент дарёфт кардаанд
ДУШАНБЕ, 14 мар – Sputnik. Пешпардохтҳои андози даромади шахсони хориҷӣ дар соли 2025 дар Русия нисбат ба соли гузашта қариб 40% афзоиш ёфтаанд.
Дар ин бора, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2025 муҳоҷирон ба буҷаи кишвар 172 млрд рубл андоз ворид карданд. Дар баробари ин, шаҳрвандони хориҷӣ давоми соли гузашта дар Русия 2,3 млн иҷозатномаи корӣ гирифтаанд.
Қисми зиёди ин пардохтҳо аз шаҳрвандони хориҷие, ки дар Маскав, Санкт-Петербург, вилояти Свердловск ва Тотористон кор мекарданд, ба даст омадаанд.

"Афзоиши ин рақамҳо нишон медиҳад, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз сояҳо берун мешавад. Ин қисман ба шарофати қонунҳои федералӣ дар ин соҳа имконпазир шудааст, ки 22-тои онҳо аз соли 2024 инҷониб қабул шудаанд", - қайд кард Володин.

Ӯ ҳамчунин аз лоиҳаи қонуне, ки буду боши муҳоҷиронро дар Русия сангинтар мекунанд, хабар дод.
Аз хориҷиёне, ки дар Русия кор мекунанд, талаб карда мешавад, ки худ ва аъзои оилаи худро, дар сатҳи на камтар аз ҳадди ақали зиндагии минтақавӣ таъмин кунанд, гуфт Вячеслав Володин, раиси Дума.
Очереди у миграционного центра в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2026
Тоҷикистон аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ҳимоят хоҳад кард
"Пешниҳод шудааст, ки коргарони муҳоҷир вазифадор карда шаванд, ки худ ва оилаҳои худро, дар сатҳи муқарраршуда дар минтақа (ҳадди ақали зиндагӣ) таъмин кунанд. Онҳо инчунин бояд барои ҳар як шахс пешпардохти муқарраршуда пардозанд. Агар ин талабот иҷро нашавад, патент ё иҷозатномаи корӣ бекор карда мешавад ё дода намешавад. Ин боиси кам шудани мӯҳлати будубоши онҳо дар кишвар мегардад", - навиштааст Володин дар Max.
Ӯ инчунин дар бораи дигар тағйироти эҳтимолӣ сӯҳбат кард. Масалан, мақомоти андоз ва Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор хоҳанд буд, ки даромади коргарони муҳоҷирро тафтиш кунанд.
Фарзандони коргарони муҳоҷир дар Русия, агар патент нагиранд, бояд 30 рӯз пас аз 18-солагӣ кишварро тарк кунанд.
"Талабот барои муҳоҷироне, ки иҷозатномаи муваққатии истиқомат ё иҷозатномаи доимии истиқомат гирифтаанд, низ сахттар карда мешаванд. Агар шаҳрванди хориҷӣ дар давоми сол камтар аз 10 моҳ кор карда бошад, ҳуҷҷат метавонанд бекор карда шаванд", - гуфт ӯ.
Мақомоти Русия бар инанд, ки тадбирҳои пешниҳодшуда механизмҳои назорати коргарони муҳоҷир, оилаҳои онҳо ва даромади онҳоро васеъ мекунанд ва ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0